Маълумоти охирин

МУСАРРАЪ

musarrahМУСАРРАЪ (арабӣ—Дари дутабақа сохтан), байтест, ки ҳар ду мисраи он қофия дошта бошад. Баъзе шоирони қасидасаро дар дохили як қасида ду ва ё зиёда аз он байти Мусарраъ овардаанд ё ин ки таҷдиди матлаъ кардаанд. Дар қасидае, ки ду байти Мусарраъ дорад, матлаи дуюм баъд аз итмоми тағаззул оварда мешуд ва гоҳе зимни қасида ғаэалеро мутобиқи қофиябандии матлаи он қасида зикр мекарданд. Чунончи, Ибни Ямини Фарюмадӣ ташбиби қасидаеро бо ин матлаъ — байти Мусарраъ оғоз кардааст:

Соқи, биё, ки мавсими нӯшидани мул аст,

 Ҳам роғ пур зи лолаву ҳам боғ пургул аст.

Пас аз мадҳи мамдӯх ғазалеро дар ҳафт байт бо матлаи зерин меоврад:

Ҷоно, рухи ту қиблаи хубони Кобул аст.

 Зулфи ту анбар аст, кв лолош сунбул аст.

Гоҳо шоирон ғазалу қасидаҳои худро бо ду-се байти Мусарраъ оғоз мекарданд ва донишмандони илми бадеъ дар яки онро матлаъ хондаанд, дарчанд ки матлаъ байти аввал аст. Рӯдакӣ, Манучеҳрӣ, Қатрон, Саноӣ, Саъдӣ ва дигар шоирони бузург бо ду-се байти Муссарраъ қаноат накарда, дар тамоми мисраъҳои як қисми қасидаву ғазалҳои худ аз аввал то охир умумияти қофияро риоя кардаанд, ки чунин қасидаву ғазалҳоро дар илми бадеъ қасида ва ғазалҳои Мусарраъ ё тамоммат л а ъ меноманд. Ҳарчанд дар тарҷеъбанду таркиббанд, ғайр аз банди аввал, ки байти якумаш хукми матлаи он бандро дорад (ҳамқофия овардани абёти бандҳои дигар дар назми классикии форс-тоҷик маъмул набудааст), гоҳо шоирони навҷӯ тамоми абёти дар бандро қо-фия баста, Мусарраъ овардаанд.

Адабиёт:       Атоулло Ҳусайнӣ. Бадоеъ-ус-саноеъ, Душанбе, 1974. С. Имронов.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …