Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / МУРОҚИБА

МУРОҚИБА

murokibaМУРОҚИБА, муроқаба (арабӣ мушоҳида, назорат), зинаи  ҳиссии маърифат (нигаред Инъикос, Назарияи маърифат). Дар фалсафаи идеалистӣ ду тарзи фаҳмиши Муроқибаро ҷудо кардан мумкин аст, ки ҳар ду бевосита бо мафҳуми интуисия алоқаманданд. Фаҳмиши якум аз Афлотун cap мезанад. Афлотун Муроқибаро ҳамчун маърифати ғайри идеяҳо таъбир менамуд. Фаҳмиши дуюмро И. Кант инкишоф дод. И. Кант Муроқибаро ҳам ба тафаккур ва ҳам ба эҳсосот муқобил гузошта, онро ҳамчун тасаввуроте дар бораи ашёӣ ягона шарҳ медод, ки бояд тавассути категорияҳои маърифат маъниву мазмуни хос пайдо кунад. Дар февоменологияи Э. Гуссерл ҳар ду навъи Муроқибаи ба истилоҳ «эйдетикӣ» (андар расидан ба хосияти ашёи фард) ва «эйдетики» (андар расидан ба моҳияти ашё) таҳлил мешаванд.

Материализма томарксистӣ маърифатро ҳамчун Муроқиба, марҳилаи пасти идроки ғайрифаъоли олами берунае медонад, ки ба органҳои ҳис таъсир мерасонад. «Камбудии асосии тамоми  материализми пештара — аз он ҷумла материализми Фейербах ҳам— иборат аз он аст, ки предмет, воқеият, ҳиссният на ҳамчун фаъолияти ҳиссии инсон, на ҳамчун  а м а л и я, на ба таври субъективӣ, балки дар шакли объект, ё ки дар шакли мушоҳида гирифта мешавад» (Маркс Карл ва Энгелс Фридрих, Асос мунт.,ҷилди- 2, 1965, саҳифаи 439). Марксизм нишон дод, ки маърифат Муроқибаи ғайрифаъол набуда, бо дигаргунсозии олам робитаи канданашаванда дорад.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …