Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / МУРОФИАИ ҶИНОЯТӢ

МУРОФИАИ ҶИНОЯТӢ

МУРОФИАИ ҶИНОЯТӢ, 1) фаъо­лияти органҳои тадқиқот, тафтишот, прокуратура ва суд доир ба cap кар­дан ва ҳал намудани корҳои чиноятӣ. Мурофиаи ҷиноятӣ мувофиқи тартибе, ки ҳу­қуқи мурофиаи ҷиноятӣ муқаррар кардааст ва бо воситаю усулҳои пешбинкардаи он гузаронида ме­шавад. Вазифаи Мурофиаи ҷиноятии советӣ зуд ва пурра ошкор кардани ҷиноят, одилона ҷазо додани ҷинояткорон, дар рӯҳи бемайлон ба ҷо овардани қонунҳои советӣ тарбия намудани гражданҳо мебошад. Мурофиаи ҷиноятиро органҳои ваколатдор мегузаронанд. Ҳамаи амалиёти мурофиавӣ (тафтишо­тӣ ва судӣ) қатъиян мувофиқи му­каррароти қонун гузаронида меша­вад. Суд, прокурор, муфаттиш ва органи таҳқиқи ибтидоӣ вазифадоранд, ки дар доираи ҳуқуқу ваколатҳои худ дар мавриди зоҳир гардидани аломатҳои ҷиноят кори ҷиноятиро cap кунанд, барои муай­ян кардани ҳодисаи ҷиноят ва шахсоне, ки дар содир кардани ҷиноят гунаҳкоранд, инчунин барои ҷазо додан ба онҳо дар асоси қонун чо­радо бинанд (моддаи 3 Кодекси МҶ Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон). Мурофиаи ҷиноятӣ аз якчанд давраи пай дар ҳам, яъне cap кардани кори ҷиноятӣ, таҳкиқотӣ, тафтиши пешакӣ, ба суд до­дан, мурофиаи суд, мурофиаи кассасионӣ (.нигаред. Кассасия), ичрои ҳукм, дар баъзе ҳолатҳо мурофиаи назоратй ва мурофиа доир ба ҳолатҳое, ки нав ошкор шудаанд ва ғайра иборатаст. 2) Илмест, ки қонуният, мафхуму принсипҳои асосии Мурофиаи ҷиноятӣ ва ғайраро меомӯзад. Муҳимтарин қисми илми Мурофиаи ҷиноятӣ назарияи далелҳо мебошад, ки масъалаҳои исбот ва ба далелҳо баҳо доданро дар аснои дидани кор­ҳои ҷиноятӣ дар бар мегирад.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …