Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / МУРҒИ МАРҶОН

МУРҒИ МАРҶОН

murgi-marchonМУРҒИ МАРҶОН, м а р ҷ о н мурғ, буқаламун, яке аз калонтарин паррандагони хонагии мансуби оилаи марҷонмурғҳо. Калонҷусса, пойҳояш дарозу пурқувват. Сар ва гарданаш қисман бепар. Дар пешонӣ ва бехи нӯлаш «тоҷ (гӯшти изофии овезон) ва дар гулӯяш пӯсти пурчин дорад. Мурғи марҷон ду намуд аст:

Мурғи марҷони муқаррарӣ (Meleagris gal- lopavo), дарозии баданаш 100—110 сантиметр, вазни хурӯсаш қариб 8 килограмм. Пару болаш сиёҳи сурхтоб. Дар ҷануби шарқи Штатҳои Муттаҳидаи Америка ва Мексика паҳн шу­дааст. Мурғи сайдист.

Мурғи марҷони ч и н о р (Agriocharis ocel- latus) низ мурғи сайдӣ буда, дар Америкаи Марказӣ зиндагӣ меку­над. Ҳашарот ва дон мехӯрад. Мурғи марҷонро аввалин бор ба Европа дар аввали асри 16 овардаанд. Мурғи марҷонро асо­сан барои гӯшт мепарваранд. Гӯшташ бомаза ва парҳезӣ аст. Вазни миёнаи Мурғи марҷони болиғ 7—20 килограмм. Мурғи марҷони модина аз 10— 11-моҳагӣ (асо­сан январ—март) ба тухм медаронд. Дар як сол 90—150 тухм (вазни яктоаш 80—88 грамм) мекунад; Мурғи марҷони мо­дина 40—60 чӯҷа мебарорад, ки баъди 3—4 моҳи парвариш 160—200 килограмм гӯшт мегиранд. Дар Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ  СССР Мурғи марҷонро асосан дар кишварҳои Краснодару Ставропол, вилоятҳои Ростов, Волго­град, Воронеж, районҳои ҷануби Республикаи Советии Сотсиалистии Ӯзбекистон ва баъзе хоҷагиҳои Республикаи Советии Сотсиалистии  Ӯзбекистон мепар­варанд. Дар  Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ СССР Мурғи марҷони сафеди кавказӣ, москвагӣ ва ғайраро парвариш мекунанд. Дар pайони Файзободи Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон сохтмони фабрикаи  парвариши мурғи марҷон (барои 250 ҳазор) пешбинӣ шудааст, ки соле 1000 тонна гӯшт бояд диҳад. Тасвир дар саҳифаи 577—578.

Адабиёт: Прево А. А., Ж и д к и х 3. А., Разведение индеек, Москва, 1958; Жидких 3. А., Выращивание и откорм индеек, Москва( I960.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …