Маълумоти охирин

МУРҒ

murgМУРҒ, мурғи хонагӣ, паррандаест аз қатори мурғиҳо; номи умумии паррандаҳо. Мурғи хонагӣ аз Мурғи ваҳшии банкивӣ (Gallus banki- va) пайдо шудааст. Мурғ сернамудтарин паррандаи хоҷагии қишлоқ мебошад. Мурғро барои тухму гӯшт, пару тибит пар­вариш мекунанд. Вобаста ба зот Мурғро ба гурӯҳҳои тухмдеҳ (серпушт), гӯшту тухмдеҳ ва гӯштдеҳ чудо ме­кунанд. Мурғи тухмдеҳ ҳаҷман хурд, тезрас аст. Мурғи г ӯ ш т у тухмдеҳ калонҷусса ва мушакҳояш инкишофёфта буда, суст ка­лон мешавад. Тоҷи аксарияти Мурғи тухмдеҳ баргшакли 2—3-дандонадори ба як тараф моил ва нӯлаш андак каҷ мешавад. Ранги нӯлу тоҷи аксар Мурғҳҳо якхела (зард, гулобитоб, сиёҳ ва ғайра) мешавад. Ранги па­ру боли Мурғ гуногун аст. Вазни Мурғи тухмдеҳ 1,8—2,2 (хурӯс 2,7—3,0) килограмм; гӯшту тухмдеҳ 2,5— 3,0 (хурӯс 3,5— 4,0) килограмм; гӯштдеҳ 3,0—3,5 (хурӯс 3,5—4,5) килограмм мешавад. Вазни чӯҷаҳои нав аз тухм баромада — 30—35 грамм. Ода­тан, баъди 70—80 шаборӯз вазни чӯҷаҳои Мурғи зоти тухму гӯштдеҳ назар ба тухмдеҳ 20-30% зиёд мешавад. Мурғ аз 5—6-моҳагӣ тухм мекунад; соле 200—220 ва дар хоҷагии зотҳои беҳтарин 220—250 (рекордиаш 365) дона тухм мекунад. Тухми Мурғи гӯшту тухмдеҳ назар ба тухми Мурғи тухмдеҳ хурдтар мешавад. Баробари фаро расидани давраи тулак Мурғ aз тухм мемонад, ки он асосан аз 2—3 ҳафта то 2 моҳ давом мекунад. Пас аз тулак дар ҳолати мавҷуд будани шароит ва хӯроки хуб Мурғ боз ба тухм медарояд. Қобилияти тухмкунии Мурғ тахминан 10 сол мебошад. Селаи Мурғи зотиро 55—60% ҷавона, 30—35% Мурғи дусола ва 10% сесола ташкил медиҳад. Хурӯсро то ду ва беҳтаринашро то се сол нигоҳ ме- доранд. Чӯҷадоро дар инкубаторҳо мебароранд. Давраи инкишофи ҷанини чӯҷа ба ҳисоби миёна 21 шаборӯз аст. Дар Тоҷикистон мурғони гурӯҳҳои тухмдеҳ, тухму гӯштдеҳро парвариш мекунанд. Тухмдеҳ дар ҳамаи хоҷагиҳои мурғпарварии рес­публика (ба ғайр аз фабрикаи бройлерпарварии Орҷоникидзеобод), тухму гӯштдеҳ дар фабрикаи мурғпарварии Панҷакент ва гӯштдеҳ (бройлер) дар фабрикаи Орҷоникидзеобод парвариш мешавад. Нигаред низ Мурғпарварӣ.

Адабиёт: Сельскохозяйственная птица, том 1—2, Москва, 1962; Смет не в С. И., Пти­цеводство, Москва, 1970.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …