Маълумоти охирин

Мура

Мура, ағбаест дар қисми марказии қаторкӯҳи Ҳисор, дар ҳудуди РСС Тоҷикистон.  Баландиаш 3787 м аз сатҳи баҳр. Аз нишебии шимолӣ ағба дарёи Замбар (шохоби дарёи Саритоғ, ҳавзаи Искандаркӯл) ва аз нишебии ҷанубиаш дарёи Қаротог (шохоби чапи Сурхондарё) ибтидо меёбад. Мура ағбаи пиёдагард аст. Ба воситаи он рамаҳои гӯсфанд ба чарогоҳҳои тобистона ва туристон аз водии дарёи Қаротоғ ба Искандаркӯл ва водии дашти Киштӯд мегузаранд.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …