Маълумоти охирин
Главная / Илм / МУОЛИҶА БО ВИТАМИН

МУОЛИҶА БО ВИТАМИН

vitaminyМУОЛИҶА БО ВИТАМИН, витаминотерапия, бо мақсади му- олиҷаи баъзе бемориҳо, инчунин норасоии витаминҳо дар организм истифода бурдани препаратҳои витаминдор. Муолифа бо витаминро дар баъзе ҳо- латҳои физиологӣ (аз ҷумла ба занҳо ҳангоми ҳомила, макконидани кӯдак ва ғайра) барои ба ҳадди кофй бо витаминҳо таъмин намудани орга­низм тавсия мекунанд.

Витамиии А — ҳангоми хушкшавии пӯст, бемориҳои узвҳои ҳозима, шабкӯрӣ, ксерофталмия ва бемориҳои дигарн чашм; витамини В| (тиамин) барои муолиҷаи берибери, неврит, гастрит, бемориҳои системаи дилу paг, ҷигар, диабет ва ғайра; в и т а м и и н и В| (рибофлавин) ҳангоми себорея, блефарит, кера­тит, шабкӯрӣ, мастит, бемориҳои увзҳои ҳозима, ҷароҳатҳои ба душворӣ шифоёбанда, захмҳои трофӣ ва ғайра.; в и т а м и н и РР (никотина- мид) дар вақти пеллагра, баъзе намудҳои психоз, атеросклерози коронарӣ, захм, ташаннуҷи рагдо, аз сурб, бензол, симоб, маргимуш ва намакҳои онҳо заҳролуд шудан; Бита­ми н и В» (кислотан пантотенат) барои муолиҷаи полиневрит, брон­хит, бронхопневмония, атонияи рӯда, аллергия ва ғайра;  витаминн Вб (пиридоксин) ҳангоми таксокози ҳомила, бемориҳои системаи асаб, узвҳои ҳозима, пӯст; витамини Вс (кислотан фолиат) ҳангоми ихтило- ли баъзе функсияҳои хунҳосилшавӣ, бемориҳои музмини рӯда ва ғайра; витамини B12 (сианкобаламин) барои муолиҷаи анемия, бемориҳои шуоӣ, бодхӯрда ва баъзе бемориҳои системам асаб; витамини Вс (кислотаи пангамат) чун воситаи беҳгардонандаи мубодилаи модда ҳангоми гипоксия, атеросклерози коронарӣ, гепатит, баъае бемориҳои шуш ва ғайра; витамини С (кисло­тен аскорбинат) ҳангоми синга, баъзе бемориҳои узвҳои ҳозима, хунравӣ, аллергия, коллагеноз, ате­росклероз, бемориҳои сироятӣ, заҳ- ролудшавии касбӣ; витамини Р (биофлавоноидҳо) дар вақти беҳад мӯрт шудан ё аз ҳад зиёд нуфузпазир будани капиллярҳо, аллергия, гломерулонефрити шадид ва ғайра; в и т а м и н и Д2 (калсирол ё эргокал- сиферол) ҳангоми вайрон шудани мубодилаи калсий дар вақти рахит, остеомалясия ва бодхӯрда; вита­мини Б (токоферол) ҳангоми торафт суст шудани мушакҳо, тром­бофлебит ва флебит, захмҳои тро­фӣ, коллагеноз, эндартериит, заҳролудшавӣ, инчунин пешгирии исқоти ғайриихтиёрӣ ва токсикози ҳомила; витамини К ҳангоми хунравие, ки зотан аз норасоии прот­ромбин дар хун cap мезанад, истифода мешавад.

Дар вақти полигиповитаминоз ва инчунин барои тезонидани таъсири мутақобили витаминҳо аз препаратҳои поливитаминӣ истифода мебаранд. Чунончи ҳангоми бемории ҷигар як гурӯҳ витаминҳои холинхлориддорро ба кор мебаранд.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …