Маълумоти охирин
Главная / Илм / МУОДИЛАИ ВАН-ДЕР-ВААЛС

МУОДИЛАИ ВАН-ДЕР-ВААЛС

van-der-vaalsМУОДИЛАИ ВАН-ДЕР-ВААЛС, муодилаи ҳолати газҳои реалӣ, ки олими Нидерландӣ Я. Д. Ван-дер-Ваалс соли 1873 пешниҳод кардааст ва он чунин намуд дорад:

ин ҷо V ҳадми як кмоль газ дар фи­шори р ва ҳарорати мутлақи Т, /?=* = 8,31 • 10* собитаи универсалии газ мебошанд. Собитаҳои а ва 6 барои дар як газ қимати хос доранд: а — бузургии фишори дохилии газро, ки қувваҳои ҷозибаи байни молекулаҳо ба амал меоранд, ифода мекунад; b — ислоҳ ба ҳаҷми хоси молекулаҳо буда, назар ба ҳаҷми хусусии ҳамаи молекулаҳои як кмоль газ 4 маротиба калон аст. Муодилаи Ван-дер-ваалс тақрибӣ буда, фақат хосиятҳои газҳои реалиро дар ҳароратҳои ба­ланду фишорҳои паст шарҳ медиҳад. Муодилаи Ван-дер-ваалс барои газҳои басо тунук ба муодилаи ҳолати гази идеалӣ pV = RT табдил меёбад.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …