Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / МУНОФИҚӢ

МУНОФИҚӢ

munofikiМУНОФИҚӢ (аз арабӣ — дурӯя), аз сифатҳои манфии ахлоқ, ки ба ростӣ, покӣ ва самимият зид аст. Мунофиқӣ дар ҷамъияте, ки беадолатии иҷтимоӣ ва антагонизми синфӣ ҳукмрон аст, ҳодисаи муқаррарӣ ба шумор меравад. Мунофиқӣ дар натиҷаи номувофиқии муносибатҳои иҷтимоӣ ва ифодаи идеологии онҳо ба амал меояд. Барои ҷамъияти капиталис­тии ҳозира Мунофиқии пурраи сиёсат, иде­ология, илм, маишат ва ғайра хос аст. Мунофиқӣ ҳамчун зуҳуроти ахлоқи гузашта дар ҷамъияти сотсиалистӣ тавассути баланд бардоштани шуурнокию фаъолии омма аз байн меравад. Ахлоқи коммунистӣ  ҳар гуна зуҳури Мунофиқиро маҳкум менамояд.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …