Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / МУЛЛОҲОФИЗИ ВОСЕЪ

МУЛЛОҲОФИЗИ ВОСЕЪ

personМУЛЛОҲОФИЗИ ВОСЕЪ (соли  таваллуд ва вафот номаълум), ҳофиз, навозанда, бастакори охири асри 19 ва ибтидои асри 20 тоҷик. Аслан аз Ғиждувони Бухоро. Санъати сарояндагию навозандагиро дар зодгоҳаш аз санъаткорони номӣ Меҳтари Туроб, Устотӯла, Устоэргаш омӯхт. Аз аввали фаъолиятн эҷодӣ дар сурудани таронаҳои ахлоқию ирфонӣ қувваозмоӣ намуд. Баъдтар дар иҷрои таронаҳои «Шашмақом», дар нақшхонию савтхонӣ шӯҳрат ёфт. Муллоҳофизи Восеъ чанд муддат дар мадрасаҳои Ғиждувону Бухоро илмҳои ахлок, фалсафа, бадеъро омӯхтааст. Рубоиёти зиёде гуфта ва ба онҳо худ оҳангҳо бастааст. Муаллифи чандин нақш, савт, тарона. «Нақши Мулло», «Нақши Ғиждувонӣ», «Савти Мулловоссъ» дар байни аҳли мусиқии Бухоро машҳур буданд. А. Раҷабов.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …