Маълумоти охирин
Главная / Илм / МУҚОВИМАТИ МАГНИТӢ

МУҚОВИМАТИ МАГНИТӢ

mukovimati-magnitiМУҚОВИМАТИ МАГНИТӢ (аз арабӣ  ва магнит), муарриф (характеристика)-и занҷири магнитиро гӯянд. Муқовимати магнитӣ Rm ба нисбати қувваи магнитҳаракатдиҳанда (F), ки дар занҷири магнитӣ амал мекунад, бар сели магнитии дар занҷир бавучудомада (Ф) баробар аст. Муқовимати магнитии қитъаи якҷинсаи занҷири магнитиро бо формулаи Rm =  = S муайян кардан мумкин аст, ки ин ҷо I ва 5—дарозӣ ва буриши кӯндаланги қитъаи занҷири магнитӣ, ц — тадохулн магнитии нисбии материали занҷир рп— собитаи магнитӣ мебошад. Дар мавриди занҷири магнитии ғайриякҷинса (иборат аз қитъаҳои якҷинсаи пай дар пай пайвастшуда ва I, S, р-ашон гуногун) Муқовимати магнитии он ба ҳосили чамъи Ят-и қитъаҳои якҷинса баробар аст. Муқовимати магнитӣ дар майдони магнитии тағйирёбанда бузургии комплексӣ мебошад, зеро дар ин маврид р ба басомади лаппишҳои электромагнит вобаста аст. Воҳиди Муқовимати магнитӣ дар Системаи воҳидҳои байналхалқӣ ампер (ё амперпеча) бар вебер дар системаи воҳидҳои СГС гилберт бар максвелл.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …