Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / МУҚОНОВ Собит Муқонович

МУҚОНОВ Собит Муқонович

sobit-muqonov-160x200МУҚОНОВ Собит Муқонович (13. 4. 1900, волости Товзори губ. Оқмулло, ҳозира райони Ҷамбули вилояти Қазоқистони Шимолӣ — 18. 4.1973, Алмаато), нависанда ва ходими ҷамъиятии қазоқ, акад. АФ РСС Қазоқистон (1954). Аз оилав батрак. Аъзои КПСС аз соли 1920. Иштирокчии Ҷан­ги гражданӣ (1918 —1920). Дар Институти профессураи сурх таҳсил кардааст (1930—1935). Солҳои 1936-1937 ва 1943— 1952 раиси Правленияи ИН РСС Қазоқистон буд. Асарҳояш аз соли 1922 чоп шудаанд. Эҷодиёташ аз шеър сар шуда буд. Романҳои «Писари бой» (1928), «Муҳаббати пок» (1931, нашри дуюмаш бо номи «Гумроҳон»), «Темиртас» (1935) ба муборизаи синфӣ дар Қазоқистон ва тасвири ташаккули одами нав бахшида шудаанд Дар романи «Байрақи номаълум» (1938, дар нашрҳои баъдинааш — «Бӯтақуз») зиндагии халқи қазоқ дар солҳои 1910—1920 инъвкос ёфтааст. Романи «Сирдарё» (1947—1948) аз меҳнати коллективона дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҳикоят мекунад. Асари сегонаи тарҷумаиҳолии «Мактаби ҳаёт» (1949-1953, тарҷ. Тоҷ. 1961) сазовори Мукофоти давлатии  РСС Қазоқистон ба номи Абай Қунанбоев гашт. С.оли 1967—1970 романи сегонаи «Шиҳоби рахшон»-ро дар бораи олам ва мутафаккири маъруфи қазоқ Чоқан Ба­лахонов навишт. Повести Муқонов— «Мактабҳои ман» соли 1954 ба тоҷикӣ чоп гардидааст. Бо 2 ордени Ленин, 3 ордени диг. ва медалҳо мукофотонида шудааст.

Ос.: Мактаби ҳаёт (Қиссани бачагӣ. Роман), китобҳои 1—2, Сталинобод, 1954.

Ад.: Нуртазин Т., Сабит Муканов, Алма-Ата, 1958.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …