Маълумоти охирин
Главная / Илм / МУҚОИСА

МУҚОИСА

mukoisaМУҚОИСА, м у қ о и с а ( қиёскунӣ, андозагирӣ), қиёси объ­ектҳо бо мақсади зоҳир намудани монандӣ ва фарқияти онҳо. Муқоиса за­минаи муҳими таъмим аст. Барои хулосабарории қиёсӣ аҳамияти хос дорад. Ҳукму қазияҳое, ки зимни Муқоиса бар меоянд, ифодаи мазмуни мафҳумҳоеанд оид ба объектҳои муқоисашаванда. Аз ин ҷиҳат Муқоиса як навъ воситаи мантиқиест, ки таърифро пурра мекунад ва ё баъзан ба ҷои вай меояд. Соддатарин, вале муҳимтарин намудҳои Муқоиса, ки бо роҳи нисбӣ муайян карда мешававд, а й н и ят вафарқият мебошанд.

Ад.: Кибернетика и современное на­учное познание. М., 1976.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …