Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / МУКОФОТИ БА НОМИ ФИРДАВСӢ

МУКОФОТИ БА НОМИ ФИРДАВСӢ

firdavsiМУКОФОТИ БА НОМИ ФИРДАВСӢ, мукофотест, ки бо ташаббуси Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ Союз Советских Социалистических Республик СССР ва Эрон муқаррар гардидааст (1969); дар дар ду сол як маротиба ба чор нафар гражданинҳои дар ду мамлакат (аз ҳар ду тараф ду нафарӣ) барои хизматҳояшон дар таълифи асарҳои илми адабиётшиносӣ ва осори адабиёту санъат, ки барои мустаҳкам намудани муносибатҳои дӯстона ва равобити фарҳангии ҳар ду кишвар ёрӣ мерасонанд, дода мешавад. То ҳол аз ҳар ду мамлакат инҳо сазовори Мукофот гардидаанд:

1975 — аз Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ Союз Советских Социалистических Республик СССР — академик Б. Б. Пи­отровский — директори Эрмитажи давлатии Ленинград; профессор Шоислом Шомуҳаммадов — проректори Университети давлатии Тошкент ба номи Владимир Илич Ленин, барои тадқиқоташ роҷеъ ба адабиёти классикии форс- тоҷик, махсусан «Шоҳнома»-и Фир­давсӣ; аз Эрон — Шуҷоуддини Шафо — мутахассис оид ба адабиёти ҷаҳонӣ; Парвиз Нотили Хонларӣ — забоншинос ва адабиётшиноси эронӣ.

1978 — аз Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ Союз Советских Социалистических Республик СССР —профессор А. Н. Болдырев — мудири кафедраи фило­логияи эронии Университети давлатии Ле­нинград ба номи А. А. Жданов, ба­рои асарҳои илмиаш оид ба таърихи адабиёти форс-тоҷик, эроншиносии умумӣ ва ҳозир кардани матни илмини интиқодии «Бадоеъ-ул-вақоеъ»-и Зайнуддини Восифӣ; Расул Ҳамзатов — Шоири Халқии Доғистон барои офаридани силсилаи «Шеърҳои форсӣ», ки дар онҳо бо як са- мимияти беҳамто дӯстӣ ва муносибатҳои софу беғаразонаи халқи со­ветӣ нисбат ба халқи Эрон тараннум гардидааст; аз Эрон — Забеҳуллоҳи Сафо барои асардҳояш оид ба адабиёти классикии форс-тоҷик ва таърихи инкишофи илм дар мамолики Шарқ; Меҳрии Ахӣ — профессор кафедраи адабиёти рус ва адабиёти муқоисавии Университети Теҳрон, барои хизматҳояш дар ташкилу ба роҳ  мондани омӯзиши забон ва адабиёти рус дар Эрон. Меҳрии Ахӣ инчунин асарҳои Михаил Юревич Лермонтов «Қаҳрамони даврони мо» ва Ф. М. Досто­евский «Ҷиноят ва ҷазо»-ро ба забони форсӣ тарҷума кардааст.

Т. Бойматова.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …