Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / МУХЛИСӢ Мулло Муҳаммадсолеҳи Бадахшонӣ

МУХЛИСӢ Мулло Муҳаммадсолеҳи Бадахшонӣ

personМУХЛИСӢ Мулло Муҳаммадсолеҳи Бадахшонӣ (соли таваллуд ва вафот номаълум), шоири тоҷик. Дар асри 16 ва аввали асри 17 умр ба cap бурдааст. Дар Қундузи Бадахшон таваллуд ёфта, барои таҳсили улуми расмии давр ба Бухоро меояд. Мухлисӣ марди фозилу донишманд ва аз илми шеър бохабар буд. Аз ӯ якчанд ғазалу порчаҳои ҷудогонаи насри бадеӣ тавассутп тазкираву манбаъҳои адабӣ то замони мо расидаанд, вале, мутаассифона, девонаш дастрас нагардидааст. Ғазалҳои Мухлисӣ дар мавзӯъ ва мазмунҳои ишқӣ суруда шудаанд.

А. Хабибов.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …