МУХЧАЛОНӢ, як навъ ангури миёнсолӣ. Селексияи халқӣ. Асосан дар водии Ҳисори Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон, инчунин вилоятҳои Тошкент, Самарқанд ва Фарғонаи Республикаи Советии Сотсиалистии Ӯзбекистон паҳн шудааст. Токаш тезсабз, 35— 40%-и навдаҳояш ҳосилдеҳ. Баргаш калони 3 — 5-парра, мудаввар, гулаш дуҷинса, хӯшааш калону зичиаш миёна, 230— 730 грамм, баъзан то 1500 грамм. Донааш калон, байзашакли гулобӣ, сершираю ширин, пӯсташ ғафс, 1—3 дона тухм (вазни 100-тоаш 6,0 грамм) дорад. Баъди пухтан сурх мешавад, 16—22% қанд ва то 8 грамм/литр туршӣ дорад. Мухчалонӣ гармипарвар, хушкитобовар, ҳосилаш миёна, дар заминҳои лалмию обии офтобрӯя ва нишебиҳо нағз месабзад. Даври нашваш 145—150 рӯз. 20—25 май гул карда, июл—сентябр мепазад. Ба ҳисоби миёна 75—85 сентнер/гектар ҳосил медиҳад. Асосан барои тархӯрӣ, майкашӣ ва дар корҳои селексионӣ истифода мекунанд. Мухчалонӣ бетшар аз антракноз, канаи ток, инчунин ҷел зарар мебинад.
Адабиёт: Ампелография Союз Советских Социалистических Республик, том 2, Москва, 1965; Сорта винограда Узбекистана, Ташкент, 1974.