Маълумоти охирин
Главная / Илм / Муҷрим Обид

Муҷрим Обид

Мирак ибни Хоҷа (соли таваллуд ва вафоташ номаълум), шоири зуллисонайни асри 18. Дар мадрасаи Мири Араби Бухоро таҳсил кардааст. Ду девони Муҷрим , ки  ашъори тоҷикӣ ва ӯзбекиро дар бар мегиранд, боқӣ мондаанд. Девонҳояш дорои ғазал, мухаммас, маснавӣ, қитъа ва рубоианд. Дар эҷодиёти шоир оҳангҳои иҷтимоӣ, омолу орзу ва дарду алами оммаи меҳнаткаш ифода ёфтааст. Муҷрим Обид дар шеърҳои хаҷвиаш иллату нуқсонҳои замони феодалиро фош ва шайхону руҳониёни риёкорро танҳиду мазаммат намуда аст. Аксари шеърҳои Муҷрим Обид ба васфи маъшуқа ва садоқату вафо ба ишқи пок бахшида шудаанд. Девони Муҷрим Обод дар Тошкент (1960) ба табъ расидааст. Похожее изображение

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …