Маълумоти охирин
Главная / Илм / Муҷрим

Муҷрим

Муҷрим Ошурмуҳаммад (cоли таваллуд ва вафоташ номаълум), шоири асри 19, тоҷик. Дар деҳаи Бузкуши Роғи Бадахшон таваллуд ёфта, маълумоти ибтидоиро дар ҳамон ҷо гирифтааст. Баъдтар, ба қавли худи шоир, аз зулми ҳокими замон гурехта, ба Кӯлоб омадааст. Нисбати «Роғӣ» ва «Кӯлобӣ» гирифтанаш аз ин ҷост. Аз Муҷрим девони ашъор (1000 байт) боқист, ки соли 1878 ба дасти худи шо­ир китобат шудааст. Муҷрим шоири пешқадами замони худ буда, дар шеърҳояш ба муқобили зулму истибдод ва нобаробариҳои иҷятимоӣ сухан рондааст. Лирикаи ишқиаш пуробуранг аст. Намунае аз шеъри Муҷрим:

Ба шоми тирабахтӣ умрҳо шуд фарш гардидам,

Куҷо он субҳи уммедам раҳи васле кунад пайдо?..

Ба гирдоби сиришк афтод Муҷрим аз сиёҳбахтӣ,

Ба ҳар сӯ даст андозад, куҷо соҳил кунад пайдо?

Картинки по запросу книга

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …