Маълумоти охирин
Главная / Илм / МУИНЗОДА Мунирхон

МУИНЗОДА Мунирхон

personМУИНЗОДА Мунирхон (1909, Xyҷанд —1973, ҳамон ҷо), яке аз ав­валин ҳодимони адабиёт ва матбуоти тоҷик. Таҳсили ибтидоиро дар Мадраса гирифт. Институти давлатии пе­дагогии Душанберо тамом кард. Солҳҳои 1920—26 муаллим, директори мактаб ва инспектори шуъбаи маорифи pайони Хуҷанд буд. Яке аз ташкилкунандагони мактабҳои советӣ дар Хуҷанд. Соли 1927 ба Душанбе омад. Ҳодими газетаҳои «Бедории то­ҷик», «Овози тоҷик», мушовири адабии Театри драмаи шаҳри Душанбе, котиби масъули журнали ҳаҷвии «Калтак» буд. Солҳои 1948—52 ҳодими илмии Институти забон ва адабиёти Академияи Фанҳои Республикаи Советии Сотсиалистии  Ӯзбекистон, 1952—66 муҳаррири Нашриёти давлатии Ӯзбекистон ба номи Ғафур Ғулом. Муинзода ба забонҳои тоҷикӣ ва ӯзбекӣ шеър суруда, ашьори шоирони ӯзбекро ба тоҷикӣ ва шоирони тоҷикро ба ӯзбекӣ тарҷума кардааст. Бо медали «Барои меҳнати шуҷоатнок» ва Грамотаҳои Фахрии Президиуми Совети Олии Республикаи Советии Сотсиалистии  Ӯзбекистон мукофотонида шудааст.

Л. Ӯрунов.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …