Маълумоти охирин
Главная / Илм / МУИНИИ ҶУВАЙНӢ – Муинуддин

МУИНИИ ҶУВАЙНӢ – Муинуддин

personМУИНИИ ҶУВАЙНӢ – Муинуддин (соли таваллуд ва вафот номаълум), насрнависи асри 15 форс-тоҷик. Мувофиқи ахбори тазкираву манбаъҳои адабӣ Муинии Ҷувайнӣ яке аз насрнависон ва орифони машҳури замон будааст. Аз ӯ ду асар: «Нигористон» ва «Аҳсан-ул-қисас» (қиссаи Юсуф ва Зулайхо) боқӣ мондааст. «Нигористон», ки ба қавли Давлаташоҳи Самарқандӣ ба Улуғбек бахшида шудааст, яке аз нахустин тақлидҳои «Гулистон»-и Саъдист. Асари Муинии Ҷувайнӣ гарчанде ба пояи «Гулистон» намерасад, аз ҷиҳати тарғибу ташвиқи ахлоқи ҳамида, афкори пандуахлоқӣ аз аҳамият холӣ нест.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …