Маълумоти охирин
Главная / Без рубрики / Муҳофизати меҳнат

Муҳофизати меҳнат

Системаи чораҷӯиҳои техникӣ, санитарию гигиенӣ ва ҳуқуқӣ, ки бевосита аз таъмини бехатарии ҳаёт ва саломатии одамон дар шароити меҳнат иборат аст. Дар мамлакати советӣ муҳофизати саломатии меҳнаткашон, барҳам додани касалиҳои касбӣ ва маъюбшавии истеҳсолӣ яке аз вазифаҳои асосии давлат мебошад. Давлат барои  Муҳофизати меҳнати коргарону меҳнаткашон маблағҳои зиёд сарф  мекунад. Комёбиҳое, ки дар соҳаи Муҳофизати меҳнати коргарону меҳнаткашон маблағҳои зиёд сарф мекунад. Комёбиҳое, ки дар соҳаи Муҳофизати меҳнат ба даст омадаанд, ба прогресси илмию техникӣ алоқаи зич доранд. Механиконии комплексӣ ва автоматонии истеҳсолот барои беҳтар кардани шароити мехнат, барҳам додани меҳнати вазнини ҷисмонӣ истифода мешавад.

Давлати Советӣ ҳамаи корхонаҳо, мувсисаю ташкилотҳоро водор мекунад, ки талаботи Муҳофизати меҳнатиро риоя кунад. Дар РСС Тоҷикистон барои саломатию бехатарии одамон дар ҳамаи корхонаҳо, муассисаҳо, ташкилотҳо шароити хуб муҳайё карда шудааст. Таъмини муҳофизати меҳнатӣ ба ӯҳдаи аъмурият аст. Маъмурият вазифадораст воситаҳои ҳозиразамони техникаи бехатарӣ, ки маъюбшавии истеҳсолиро пешгирӣ мекунанд, ҷорӣ карда, шароити санитарию гигиениро, ки касалиҳои касбиро пешгирӣ менамоянд, таъмин кунад. Биноҳо иншоот, таҷҳизоти истеҳсолӣ, просессҳои технологӣ,  ки шароити солим ва бехатарии меҳнатро таъмин мекунанд, бояд мувфиқи талаб бошанд. Ин талабот оқилона  фоида бурдани ерритория ва биноҳои истеҳсолот, дуруст истифода бурдани таҷҳизот ва ташкили хуби просессҳои технологӣ, аз таъсири шароити зарарноки меҳнат муҳофизат кардани коркунон, мувофиқи нормаҳо ва қоидаҳои санитарию гигиенӣ нигоҳ доштани биноҳои истеҳсолӣ ва ҷои кор, ҷиҳозонидани биноҳои санитарию маиширо дар бар мегирад. Агар дар корхона, қех, участка, истеҳсолот шароити мувофиқ ва таъмини бехатарии меҳнат набошад, қабул ва ба истифода  додани онҳо мумкин нест. Бе иҷозати органҳои назорати давлатии санитарӣ ва техникӣ, инспексияи техникии иттифоқҳои касаба ва комитети фабрикӣ, заводӣ, маҳаллии иттифоқи касабаи корхона, муассиса, ташкилоте, ки объектро ба истифода мегирад, ба кор андохтани объектҳои нав ва аз нав сохташуда мумкин нест. Маъмурияти корхонаҳо, муассисаҳо, ташкилотҳо ӯҳдадоранд барои беҳтар ардонидани шароити меҳнати коргарон ва хизматчиён  б роҳи механиконидан ва автоматикунонии просесҳои истеҳсолот, бартараф намудани чангу ғубор ва газолудии ҳавои атроф, мағал, ларзиш, нурфишонӣ ва ғайра чораҳо бинад, барои пешгирӣ ва маъюбшавӣ дар истеҳсолот, касалиҳои касбӣ а дигар хел касалиҳо тадбирҳо андешад.

Қоидаҳои Муҳофизати меҳнат аз инҳо иборатанд: аз ҷиҳати бояду шояд таъмин кардан ва таҷҳизонидани ҳамаи ҷойҳои кор, муҳайё намудани шароити кор мувофиқи қоидаҳои Муҳофизати меҳнат (қоидаҳои техникаи бехатарӣ, нормаҳо ва қоидаҳои санитарӣ ва қайра): ба коргарон ва хизматчиён аз техникаи бехатарӣ, санитарияи истеҳсолот, муҳофизат аз сӯхтор ва дигар қоидаҳои Муҳофизати меҳнат дастур додан: риояи талаботи дастурамалҳо оид ба Муҳофзати меҳнатро назорат кардан ва ғайра. Ин гуна қоидаҳо (қоидаҳои барои ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ ягона ё байнисоҳавӣ) мувофиқи Асосҳои қонунгузории ИТТИҲОДИ ШӮЪРАВӢ дар республикаҳои иттифоқӣ оид ба меҳнат, фармони Совети Вазирони ИТТИҲОДИ ШӮЪРАВӢ ё худ бо супориши дигар органҳои давлатӣ якҷоя бо ВВТССПС ё розигии ай ҷорӣ мешаванд.

Дар корҳои шароиташон зарарнок, корҳое, ки дар ҳарорати махсус иҷро мешаванд ё худ корҳое, ки дар вақти иҷрои онҳо кас ифлос мешавад, ба коргарон ва хизматчиён аз рӯи нормаҳои муқарраршуда либоси махсуси бепул, пойафзоли махсус, ва дигар воситаҳои муҳофизати шахсӣ,  хӯрокиҳо махсус (равған, шир, ва ғайра), хӯроки муолиҷавию профилактикӣ дода мешавад (моддаи 143-157 КҚ РСС Тоҷикистон оид ба меҳнат). Назорат аз болои риояи нормаҳои М. м. асосан ба зиммаи иттифоқҳои касаба, инспексияи ҳуқуқдори меҳнатӣ ва техникӣ вогузор аст. Ба ғайр аз иттифоқҳои касаба вогузор аст. Ба ғайр аз иттифоқҳои касаба органҳои махсуси давлатӣ (Госгортехнадзори ИТТИҲОДИ ШӮЪРАВӢ, Назорати энергетикӣ, Назорати давлвтии хоҷагӣ, Назорати санитарӣ ва ғайра) мавҷуданд, ки назоратро аз болои риояи шароити М. м. ба амал татбиқ мекунад. Назорати умумии риояи қонуни М. м. ба зиммаи Прокуратураи ИТТИҲОДИ ШӮЪРАВӢ гузошта шудааст. М. м. дар ИТТИҲОДИ ШӮЪРАВӢ барои муҳофизати ғамхории партия ва ҳуқумат мебошад. “Гражданинҳо ИТТИҲОДИ ШӮЪРАВӢ барои муҳофизати саломатӣ ҳуқуқ доранд” (моддаи 42 Конститутсияи ИТТИҲОДИ ШӮЪРАВӢ). М. м-и мамлакатҳои капиталистӣ ба талабот ҷавоб медиҳад. Душвориҳои техникӣ ва набудани маблағу воситаҳоро баҳона карда, капиталистон аз ҷорӣ кардани техникаи бехатарӣ ва санитарияи истеҳсолӣ рӯ метобанд. Мавҷуд набудани назорати зарурии давлатӣ, кафолати бехатарӣ, риоя накардани қоидаҳои М. м. боиси ба тарзи оммавӣ афзудани маяюбшавии коргарон мегардад.

Инчунин кобед

tasbeh

ТАСБЕҲ

ТАСБЕҲ, субҳа (арабӣ—субҳоналлоҳ гуфтан, худоро ёд кардан), як шадда мӯҳраҳоро гӯянд, ки шахси тасбеҳгардон адади …