Амалиёти ҷангии Қувваҳои Муссалаҳи Советӣ аз 30 сентябр 1941 то 20 апрели 1942 бо мақсади мудофиаи Москва аз қӯшунҳои фашистии немис ва торумор кардани онҳо дар давраи Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941-1945). Муҳорибаи назди Москва ба ду давра тақсим мешавад: ҷангҳои мудофиавӣ (30.9-4.12. 1941) ва ҳуҷуми ҷавобӣ (5-6. 12. 1941-7-8. 1. 1942)? Инчунин ҳуҷуми умумии қӯшунҳои советӣ (7.10. 1.-20. 4.1942). Фармондеҳи немис план дошт, ки қӯшунҳои советиро дар самтҳои Вязма – Москва ва Брянск – Москва торумор, Москваро аз Шимол ва Ҷануб иҳота карда, шаҳрро ишғол намояд ва бо ҳамин ҷангро ба охир расонад. Гурӯҳи армияи “Марказ” (77 дивизия, аз ҷумла 14 дивизияи танкӣ ва 8 дивизияи моторикунонидашуда, зиёда аз 1 млн аскар, 1.7 ҳазор танк, 14 ҳазор тӯпу миномёт, 950 самолёт) плани забти Москваро бо номи рамзии “Тайфун” тартиб дод. Ба муқобили армияҳои душман қӯшунҳои фронтҳои Ғарбӣ (фармондеҳаш генерал- полковник И.С. Конев), Брянск (фармондеҳаш генерал- полковник А.И. Ерёменко) ва Эҳтиётӣ (фармондеҳаш Маршали Иттифоқи Советӣ С.М. Будённый) меистоданд (қариб 800ҳазор аскар, 6800 тӯпу миномёт, 780 танк ва 545 самолёт). 30.9.1941 гурӯҳи 2 юми танкии душман ҳуҷуми худро бар зидди Фронти Брянск сар кард. 2.10.1941 қувваҳои асосии гурӯҳҳои армияи “Марказ” ба муқобили фронтҳои Ғарбӣ ва Эҳтиётӣ ба ҳуҷум гузаштанд. Душман дар наздикии Вязма ва ҷанубтари Брянск соединенияҳои 19, 20,24, 32 уми қӯшуҳои советиро муҳосира намуд, аммо як қисми онҳо аз муҳосира баромаданд. Қӯшунҳои советӣ ба сӯи хати мудофиавии Волоколамск – Можайск – Малоярославетс – Калуга ақиб нишастанд. Фронӣҳои Ғарбӣ ва Эҳтиётӣ ба Фронти Ғарбӣ.
Муттаҳид карда шуданд (аз 10.10ю1941 фармондеҳаш генерали армия Г.К. Жуков). 17.10.1941 аз қанотирости Фронти Ғарбӣ (армияҳои 22, 29, 30, 31 ум) Фронти Калинин ҷудо карда шуд. (фармондеҳаш генералғполковник И.С. Конев). Дар задухӯрдҳои самти Можайск қӯшунҳои советӣ душманро 7 рӯз нигоҳ доштанд, вале 12.10.1941 фашистон Калуга, 18 октябр Можайск, Малоярославетсро ишғол намуда, дар назди деҳаи Протва ва Нара қарор гирифтанд. 19.10.1941 Комитети Давлатии Мудофиа Москваро дар ҳолати муҳосира эълон карда, ҳамаи меҳнаткашонро даъват намуд, ки ба Армияи Сурх ҳарҷониба ба мадад расонанд. Сокинони Москва пойтахтро қаҳрамонона мудофиа мекарданд. Дар муддати 6 рӯз 12 дивизияи лашкари халқӣ ташкил карда шуд (қариб 160 ҳазор нафар). Тамоми халқи советӣ ба муҳофизатгарони Москва кӯмак мерасонд. Бисёр муассисаҳои партиявӣ, ҳукуматӣ ва илмӣ аз Москва ба шаҳрҳои дигар кӯчонда шуданд. Бюрои Сиёсии КМ ВКП (б), Ҳукумати Советӣ, Комитети Давлатии Мудофиа, Ставкаи Сарфармондеҳии Олӣ дар пойтахт монданд. Дар натиҷаи муқобилати шадиди Армияи Сурх ҳуҷуми душман дар даромадгоҳи Москва боздошта шуд. Ба ҳолати муҳосира нигоҳ накарда, 7 ноябри 1941 дар Майдони Сурхи Москва паради анъанавии қӯшунҳои советӣ барпо гардид. Ҷанговарон аз парад рост ба фронт рафтанд. Дар аввали ноябр фармондеҳии нмис барои ҳуҷуми дуюм ба муқобили Фронти Ғарбии советӣ 51 дивизия, аз ҷумла 13 дивизияи танкӣ ва 7 дивизияи моторикунонидашударо ҷамъ кард. Фармондеҳии советӣ 11 ноябр армияи 30 уми Фронти Калининро ба ихтиёри Фронти Ғарбӣ дод. Фашистон ҳуҷуми дуюми худро аз Шимолу Ғарб (15-16. 11. 1941) ва Ҷанубу Ғарб (18.11.1941) сар карданд. Онҳо Клин, Солнечногорск, Истра, Красная Полянаро (27 км дуртар аз Москва) забт намуданд. Қӯшунҳои советӣ ҳаракати инбаъдаи душманро ба сӯи Москва боздошта, 27-29 ноябр даррайони Яхрома ва Красная Поляна ба душман зарбаи ҷавобӣ заданд. 5-. 12 1941 фронтҳои Калинин, Ғарбӣ ва Ҷанубӣ. Ғарбӣ аз Калинин то Елетс ба ҳуҷум гузаштанд. Онҳо дар назди Москва қариб 720 ҳазор аскар, 5900 тӯпу миномёт, 415 установкаҳои артиллерияи рекативӣ, 670 танк, 760 самолёт доштанд (душман 800 ҳазор аскар, 10400 тӯпу миномёт, 1 ҳазор танк, зиёда аз 600 самолёт дошт). Ба душман зарбаи асосиро Фронти Ғарбӣ зад. Фронти Калинин дар самти Рига ҳуҷум кард. Ҳуҷуми ҷавобӣ дар қаноти чапи Фронти Ғарбӣ ва хати Фронти Брянск (18.12.1941 аз нав ташкил карда шуд) бомуваффақият вусъат ёфт. То аввали январ 1942 душман аз Москва то 100-250 км ақиб партофта шуд. Қӯшунҳои советӣ зиёда аз 11 ҳазор маҳалли аҳолинишин, аз ҷумла Калинин ва Калугаро озод карда, хавфи ба Тула зада даромадани фашистонро бартараф намуданд. Дар Муҳорибаи назди Москва ҷанговарони дивизияи 316 уми тирандозии И.В. Панфилов, корпуси гвардияи савораи генерал-майор Л.М. Доватор, гвардияи 1 уми дивизияи тирандози мотории Москва таҳти роҳбарии генерал-майор А.И. Лизюков корнамоӣ нишон доданд. Ба армия партизанҳои вилоятҳои Калинин, Смоленск, Орёл ва Тула ёрии калон, расонданд. Дар рафти Муҳорибаи назди Москва гитлерчиён зиёда аз 500 ҳазор аскар, 1.3 ҳазор танк, 2.5 ҳазор тӯп, зиёда аз 15 ҳазор автомашин ва ғайраро талаф доданд. Муҳорибаи назди Москва аҳамияти бузурги ҳарбию сиёсӣ ва байналхалқӣ дошт. Ин ғалаба иқтидори Давлати Советӣ ва армияи онро нишон дод. Дар назди Москва торумор шудани қӯшунҳои фашистӣ воқеаи ҳалкунандаи ҳарбию сиёсии соли якуми ҶҶанги Бузурги Ватанӣ, ибтидои гардиши куллии он ва аввалин мағлубияти калони гитлерчиён дар Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ буд. Плани фашистии “ҷанги барқвор” ва афсонаи мағлубнашавандагии армияи Германия, инчунин умедҳои фашистон аз ташкили коалитсияи зиддисоветии давлатҳои капиталистӣ барбод рафтанд. Дар назди Москва торумор шудани қӯшунҳои гитлерӣ ба муттаҳид ва ташкил шудани коалитсияи зиддифашистии давлатҳо ва алқҳо мадад расонд. Ғалабаи таърихиии он манбаи Армияи Сурх дар мамлакат рӯҳбаландии бузурги сиёсӣ ва меҳнатӣ ба амал овард.
Он манбаи нави қаҳрамонии оммавии халқи советӣ дар Фронтва ақибгоҳ гардид. Ин ғалаба инчунин халқҳои озодидӯсти ҷаҳонро дар мубориз бар зидди фашизм рӯҳбаланд карда, ба онҳо боварӣ бахшид, ки дар ниҳояти кор бар душман ғалаба хоҳанд кард. Ғалаба дар назди Москва дар натиҷаи қаҳрамонии оммавии ҷанговарони советӣ ва ҷидду ҷаҳди меҳнатии мардуми советӣ ба даст омад. Барои далерию шуҷоат дар Муҳорибаи назди Москва ба 46 соединенияҳо ва қисмҳо номи гвардия дода шуд. 110 ҷанговар унвони Қаҳрамони Советӣ гирифтнд. 36 ҳазори онҳо бо ордену медалҳо мукофотонида шуданд. Дар Муҳорибаи назди Москва дар қатори дигар халқҳои советӣ фарзандони Тоҷикистон фаъолона иштирок карданд. Ноябри 1941 аз Тоҷикистон ба мадади муҳофизатгарони Москва дивизияи 20 уми савораи Байрақи Сурху ордени Лениндор омад. Барои бомуввафақият иҷро кардани супоришҳои ҳарбӣ, мардонагӣ ва шуҷоат дар Муҳорибаи назди Москва 150 нафар ҷанговарон, командирон ва коркунони сиёсии дивизия, аз ҷумла, С. Улуғзода, А. Пирмуҳаммадзода, Р. Ҷалилов, Д. Кратов, В. Зубков, И. Обидов, Б. Искандаров, Ш. Аҳмадҷонов, А. Очилов, Б. Дӯстов, Р. Мавлудов, А. Пиров, А. Маслик, Г.А. Филиппов, М. Иброҳимов ва дигарон бо ордену медалҳо мукофотонида шуданд. Бо укази Президиуми Советии Олии ИТТИҲОДИ ШӮЪРАВӢ аз 1 маи 1944 медали “Барои мудофиаи Москва” таъсис гардид, ки зёда аз 2 миллион нафар аскарон бо он мукофотонида шуданд. Барои хизматҳои брҷастааш дар назди Ватан ва ба муносибати 20 солагии ғалаба дар Ҷанги Бузурги ватанӣ 8 маи 1965 ба шаҳри Москва унвони фахрии “ Шаҳри қаҳрамон” бо супоридани ордени дуюми Ленин ва медали тиллоии “Ситораи тилло” дода шуд.
Харита дар сахифаи 32-33.
Адабиёт: Великая битва под Москвой, Москва 1961:
Разгром неметско-фашистских войск под Москвой, Москва, 1964: Битва за Москву, Москва 1966.