Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / Муҳокимаи умумихалқӣ

Муҳокимаи умумихалқӣ

Дар давлатҳои сотсиалистӣ яке  аз зуҳуроти бевоситаи демократия буда, иштироки гражданҳоро дар эҷод кардани ҳуқуқ ифода менамояд. Фарқи Муҳокимаи умумихалқӣ аз овоздиҳии умумихалқӣ (референдум) дар он аст, ки он хусусияти машваратӣ дорад. Мулоҳиза, таклиф ва пешниҳодҳое, ки гражданҳо дар рафти муҳокимаи лоҳиаи қонун баён мекунанд, бо мақсади такмили қонун аз тарафи органҳои қонунгузорӣ ба ҳисоб гирифта мешаванд. Дар моддаи  5 Конститутсияи ИТТИҲОДИ ШӮЪРАВӢ қайд  шудааст, ки “Муҳимтарин масъалаҳои ҳаёти давлатӣ ба муҳокимаи умумихалқӣ пешниҳод карда, ҳамчунин ба овоздиҳии умумихалқӣ (референдум) гузошта мешаванд”. Дар ИТТИҲОДИ ШӮЪРАВӢ Муҳокимаи умумихалқӣ омили тавонои вусъати фаъолияти сиёсӣ ва истеҳсолии одамони советӣ, боз ҳам демократӣ шудани тамоми ҳаёти ҷамъиятии мамлакат мебошад.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …