Маълумоти охирин

МУҲИТ

muhittМУҲИТ, дар фалсафа, шароити ҷамъиятӣ, моддӣ ва маънавии мавҷузият, ташаккул ва фаъолияти одамро гӯянд. Муҳит ба маънои том (макрошуҳит) системаи ҷамъиятию иқтисодӣ — қуввашои истеҳсолкунанда, маҷмӯи муносибати ҷамъиятӣ, шуури ҷамъиятӣ, маданияти маънавӣ ва муассисаҳои ҷамъиятӣ муайянеро дар бар мегирад. Баробари инқишофи қувваҳои истеҳсолкунанда инсон шароиту Муҳитро ба ҳаёти ҷамъият мутобиқ намуда, онро вобаста ба дараҷаи такомули истеҳсолоти молӣ тағйир медиҳад. Аз ин рӯ, Муҳит ба инкишофи ҷамъият мусоидат менамояд ва имконияту дараҷаи истифодаи сарватҳои табиӣ аз рӯи сохти формасияи ҷамъиятию иқтисодӣ муайяи карда мешавад.

Аз рӯзи пайдоиши ҷамъият муносибати инсон ба табиат асосан тавассути силсилаи робитаҳо сурат гирифтааст. Ҳамин ҷиҳати масъаларо ба назар гирифта классикони марксизм-ленинизм қайд карда буданд, ки барои истеҳсол кардан одамон ба ҳам робита ва муносибати муайяи барпо карда, маҳз дар дои­раи ҳамин робитаю муносибат ба табиат таъсир мерасонанд. Муҳит ба маънои маҳдуд (микромуҳит) вазъи мавҷудаи оила, коллектив, гурӯҳҳои меҳнатӣ, таълимӣ ва ғайраро бевосита дар бар мегирад. Муҳит ба та­шаккул ва инкишофи шахс таъсири калон мерасонад. Дар айни замон Муҳит дар зери таъсири амалиёт ва фаъолиятн эҷодии инсон тағйир ёфта, дар ҷараёни ин тағйирот худи одамон низ дигар мешаванд. Аз рӯи ақидаи марксистӣ инсон ва Муҳит дар ҷараёни таъсири мутақобиланд. Ин­сон парвардаи Муҳит аст, вале вай дар дасти муқтадири Муҳит як чизи мумсирате нест. Чунон ки К. Маркс ва Ф. Энгелс фармудаанд: «Таърих ягон шахси махсусе нест, ки инсон онро ҳамчун воситаи ба мақсадҳои худ ноил гаштаи истифода намоя д. Таъ­рих чизи дигаре набуда, фаъолияти мақсадноки худи инсон аст» (Маркс К. и Энгелс Ф., Соч., т. 2, с. 102). Ниг. низ Ҳастӣ, Тарбия, Гурӯҳи иҷтимоӣ, Коллектив, Маданият, Шуур, Муҳити географӣ, Табиат.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …