Маълумоти охирин

МУХАММАС

navoМУХАММАС, дар м у с и қ ӣ, яке аз қисмҳои асосии шӯъбаи «мушки-лот*-и «Шашмақом». Мухаммас дар «мушкилот» одатан пас аз тасниф, тарҷеъ ва гардун иҷро карда мешавад. Дар мақомҳои гуногуни силсилаи «Шашма-қом» Мухаммасҳои зерин мавҷуданд: «Мухаммаси Бузрук», «Мухаммаси Насруллоҳӣ» (дар мақоми «Бузрук»), «Мухаммаси Ушшоқ», «Мухаммаси Рост», «Мухаммаси Панҷгоҳ» (дар мақоми «Рост»), «Мухаммаси Наво», «Мухаммаси Ҳусайнй», «Мухаммаси Баёт» (дар мақоми «Наво»), «Мухаммаси Чоргоҳ», «Мухаммаси Ҳоҷихуҷа* (дар мақоми «Дугоҳ»), «Мухаммаси Сегоҳ», «Мухаммаси Аҷам», «Мухаммаси Мирзоҳаким» (дар мақони «Сегоҳ»), «Мухаммаси Ироқ» (дар мақони «Ироқ»). Истилоҳи «Мухаммас» аз замонҳои қадим дар мусиқӣ ҳамчун ифодакунандаи усули муайяни зарбӣ маъмул будааст. Дар ин бора дар рисолаҳои мусиқии Кавказӣ ва Дарвешалии Чангӣ маълумот мавҷуданд, Доираи зарбӣ (ритмикии) Мухаммас дар нота чунин тасвир меёбад:

Номҳои як қатор Мухаммасҳо (масалан, «Мухаммаси Ҳоҷихуҷа», «Мухаммаси Мирзоҳаким») ба иҷрокунанда ва такмилдиҳандаи онҳо тааллуқ доранд.

А. Низомов.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …