Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / МУҲАММАДМУҚИМ

МУҲАММАДМУҚИМ

nophotoМУҲАММАДМУҚИМ   (соли таваллуд ва вафоташ номаълум), муссавири нимаи дуюми асри 17 тоҷик, намояндаи барҷастаи мактаби минётури Бухоро. Дар ороиши қариб ҳамаи дастнависҳои муътабари он давр иштирок кар­дааст. Аз ҷумла: «Хамса»-и Низомӣ (санан китобат 1648, дар Китобхонаи оммавии Ленинград ба номи Салти­ков-Шедрин), «Шоҳнома»-и Фирдав­сӣ (собиқ коллексияи О. Омбер), «Хамса»-н Низомӣ (солҳои 1668—1671, коллексияи Честер Битти, Институти шарқшиносии АФ РСС Ӯзбекистон). Дар бораи Муҳаммадмуқим дар китоби «Муҳит-ут-таворих»-и Муҳаммадамин маълумоти муфассал даст. Дар мусаввараҳояш таъсири мактаби минётури Ҳинд ҳис мешавад. Асарҳояш назаррабо ва дар айни ҳол содда буда, манзараоои тасвироташ доманадоранд.

М. Ашркфӣ.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …