Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / МУҲАММАДИ ШОНАКӢ

МУҲАММАДИ ШОНАКӢ

nophotoМУҲАММАДИ ШОНАКӢ (соли таваллуд ва вафоташ номаълум), мусиқишиноси асри 13 форс-тоҷик. Дар шаҳри Рай таваллуд шуда, дар Исфаҳон, Шероз ва зодгоҳаш ба таҳсили илм пардохтааст. Муҳаммади Шонакӣ фанни мусиқӣ, фалсафа, риёзиёт ва илми бадеъро мукаммал аз худ кардааст. Ӯ баъди камолот ба Бағдод рафта, дар он ҷо бо мусиқишинос Абдулмӯъмини Сафиуддини Урмавӣ ошноӣ пайдо кард ва ба таълифи асарҳои ӯ «Рисолат- уш-шарафил» ва «Китоб-ул-адвор» маслиҳатҳо дод. Муҳаммади Шонакӣ дар назарияи мусиқӣ дониши мукаммал дошт ва бисёр донишмандони содаи мусиқӣ аз ӯ таркиботи мусиқиро омӯхтаанд. Муҳаммади Шонакӣ бо унвони «Рисола фӣ илм-ил- мусиқӣ» («Рисола дар илми мусиқӣ») асари илмие боқӣ гуаоштааст, ки аз таълифоти муҳими он замон ба шумор меравад. Ӯ довраи «Дувоздаҳмақом»-ро тартиб дода, мақомҳоро ба дувоздаҳ бурҷи фалак нисбат додааст. Аз  қайли муаллифони ҳамзамонаш пайдост, ки ӯ пайрави пифагоризм будааст. Доираи махсуси ма­қомҳоро тартиб додааст.

А. Раҷабов.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …