Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / МУДОФИА АЗ ЯРОҚИ ҚАТЛИ ОМ

МУДОФИА АЗ ЯРОҚИ ҚАТЛИ ОМ

mudofia-az-yaroqМУДОФИА АЗ ЯРОҚИ ҚАТЛИ ОМ, маҷмӯи чорабиниҳо барои муҳофизати қӯшун, аҳолӣ ва иншооти хоҷагии халқ аз яроқи ядроӣ, химиявӣ ва бактериологӣ. Муҳофизати қӯшунҳо аз яроқи қатли ом аз тарафи ҳамаи фармондеҳон ва штабҳо мувофиқи вазифаҳои зерин ташкил карда мешавад: ба таври максималӣ суст гардондани таъсири яроқи ядроӣ, химиявӣ ё бактериологӣ, ки душман истифода бурдааст; фавран барқарор кардани қобилияти ҷангии қӯшунҳое, ки дучори зарбаи ин гуна ҳуҷумҳо шудаанд; таъмини шароити амалиёт дар он районҳое, ки ин яроқ ба кор бурда шудааст. Муҳофизати қӯшунҳо аз чорабиниҳои зерин иборат аст: ҷобаҷогузории қӯшунҳо Дар маҳалҳо, маскировкаи дақиқ, ҳар замон иваз кардани мавзеъҳое, ки қӯшунҳо нигоҳ дошта мешаваид, бо сигналҳои махсус сари вақт огоҳонидани қӯшунҳо аз заҳролудии радиоактивӣ, химиявӣ ё бактериологии маҳал, истифодаи ҳайати шахсӣ аз воситаҳои мудофиаи индивидуалӣ, хандақҳо, блиндажҳо, паноҳгоҳҳое, ки бо асбоби махсус таҷҳизонида шудаанд ва барои муҳофизати аслиҳа, техника, ашьёи моддӣ, рӯйпӯшҳои гуногун лозиманд. Барои дарки он оқибатҳое, ки аз яроқи қатли ом cap задаанд, дар хатти амалиёти қӯшунҳо ва мавзеъҳои ишғолкардаи онҳо разведкаи радиационӣ, химиявӣ ва бактериологӣ гузаронида мешавад. Бо роҳи пешгӯии (ҳисобҳои назариявӣ) натиҷаҳои ҳуҷум талафоти ҳайати шахсӣ, аслиҳа, техника, ашьёи моддӣ, имкони заҳролудии маҳалҳо, харобаҳо, сӯхтор, зери об мондан, хусусият ва миқдори корҳое, ки барои рафъи оқибатҳои ҳуҷум заруранд, тахминӣ муайян карда мешаванд. Чораҳои зиддизиндемӣ, санитарӣ-гигиенӣ, профилактикаи махсус ва дигар тадбироти муолиҷавӣ баргузор мегарданд. Ташкили назорати гирифтори шуоъҳои радиоактивии ҳайати шахсӣ, дараҷаи заҳролудии одамон, яроқ, техника, нақлиёт, ашьёи моддӣ ва обро аниқ менамояид. Тадбироти барҳам додани оқибатҳои истифодаи яроқи қатли ом инҳоянд: ёрӣ расондан ба маҷрӯҳон, корҳои наҷотдиҳӣ, тамйизи махсуси ҳайати шахсии қӯшунҳо ва техникаи ҳарбӣ, барқарор намудани роҳҳои манёври қӯшунҳо ва пешгирӣ кардани сӯхтор, мубориза ба муқобили бемориҳои сироятӣ дар маҳалли заҳролуд ва ғ. Мудофиа дар шаҳрҳо ва иншооти хонагии халқ авакуацияи қисми аҳолии мавзеъҳое, ки дар зери хавфи ҳуҷуми эҳтимолӣ мебошанд, таъмини аҳолӣ бо паноҳгоҳу гурезгоҳҳо ва асбоби индивидуалии муҳофизат, гузаронидани чорабиниҳои профилактикӣ, санитарӣ-гигиенӣ ва ғ-ро дар бар мегирад. Муҳофизати шаҳрҳо ва иншооти хонагии халқ дар системаи умумидавлатии чорабиниҳои мудофиавӣ ташкил карда мешавад.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …