Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / МУБОРИЗАИ СИНФӢ

МУБОРИЗАИ СИНФӢ

МУБОРИЗАИ СИНФӢ, муборизаи синфҳои ба ҳам муқобил, ки манфиати онҳо гуногун ва ба ҳам зид мебошад. Оғози Муборизаи синфӣ ба давраи борҳамхурии ҷамоаи ибтидоӣ, пайдоиши моликияти хусусӣ ва истисмори синфӣ рост меояд. Муборизаи синфӣ дар ҷамъияти синфию антагонистӣ ҳамчун шакли зуҳури зиддиятҳо, омили асосии ҳалли онҳо ва манбаи инкишоф амал менамояд.

Синфҳо ва Муборизаи синфиро ҳанӯз дар асри 19 таърихшиносон (Ф. Гизо, Ф. Минье, Тьерри) ва иқтисодчиён (А. Смит, Д. Рикардо) ошкор кардаанд. Бале танҳо К. Маркс ва Ф. Энгельс назарияи ҳақиқатан илмии онро офарида, ба инсоният имконият доданд, ки рафти инкишофи таърих ва сабабҳои объективии ивазшавии як формацияи ҷамъиятию иқтисодиро ба дигаре дуруст фаҳмад. Диктатурой пролетариатро ҳамчун аслиҳаи Муборизаи синфӣ ва дигаргунсозии социалистии ҷамъият эътироф намудан моҳияти асосии назарияи марксистии Муборизаи синфӣ мебошад. «Касе, ки фақат муборизаи синфҳоро эътироф мекунад, он кас ҳоло марксист нест… Марксист фақат он касест, ки муборизаи синфҳоро то ба дараҷаи эътироф кардани диктатураи пролетариат мерасонад» (Ленин В. И., Ас., ч- 2>, саҳ. 455). Манбаи асосии Муборизаи синфӣ зиддияти манфиатҳои синфӣ мебошад. Вобаста ба характери муносибати синфҳо зиддиятҳо антагонистӣ ва ғайриантагонистӣ мешаванд. Зиддияти антагонистӣ боиси аз байн рафтани синфҳои ҳукмрони ҷамъияти истисморӣ ва ивазшавии ин сохти ҷамъиятӣ ба сохти дигари пешқадам мегардад. Ин қонуният ба воситаи револютсияи иҷтимоӣ амалӣ гардида, дар худ шаклҳои гуногуни муборизаи синфиро инъикос менамояд (ниг. К. Маркс ва Ф. Энгельс, Ас. мун., ч. 1, Дм 1963, саҳ. 39—40). Идеологҳои буржуазӣ аз муборизаи меҳнаткашон ба ҳарос афтода, Муборизаи синфиро ҳамчун «монеаи» прогресс, «дуршавӣ» аз рафти мӯътадили инкишофн ҷамъият ба қалам медиҳанд.

Таҷрибаи таърихӣ нишон медиҳад, ки Муборизаи синфӣ на монеа, балки қувваи асосии инкишофи таърихи тамоми ҷамъиятҳои синфию антагонистӣ мебошад. Ба синфи мустақил табдил ёфтани пролетариат мазмун ва хусусияти муборизаи синфиро ба куллӣ тағйир дод. Бар хилофи синфҳои истисморшавандаи пешина синфи коргар ҳамчун қувваи бузурги дигаргунсозандаи муносибатҳои ҷамъиятӣ амал мекунад. Муборизаи синфии пролетариат асосан се шакл дорад: муборизаи иқтисодӣ, сиёсӣ ва идеологӣ. Мақсади асосии муборизаи иқтисодӣ: муҳофизати ҳуқуқҳои демократии одамон, манфиатҳои асосии коргарон, беҳтар намудани шароити меҳнат ва зисту зиндагонӣ, кӯтоҳ кардани рӯзи кор, афзудани музди меҳнат, мубориза ба муқобили ниятҳои таҷовузкоронаи империализм. Аҳамияти бузурги муборизаи иқтисодӣ дар он аст, ки шуури сиёсии пролетариатро баланд мебардорад ва ӯро ба шакли олии Муборизаи синфӣ— муборизаи сиёсӣ омода месозад. Вазифаи муборизаи сиёсӣ баланд бардоштани фаъолияти революционии синфӣ коргар, васеъ намудани ҳуқуқҳои коргарон, нест кардани капитализм ва ниҳоят ба даст овардани ҳокимияти сиёсӣ мебошад. Муборизаи иқтисодии коргарон ба муқобили буржуазия танҳо ба туфайли муборизаи сиёсӣ натиҷаҳои дилхоҳ медиҳад. Муборизаи сиёсӣ танҳо дар робита бо муборизаи идеологии пролетариат муваффақият пайдо мекунад. Идеологияи социалистиро дар шуури синфи коргар бедор намудан, муборизаи бешууронаро ба муборизаи бошуурона табдил додан, таъсири идеологияи буржуазӣ ва ҷараёнҳои гуногуни оппортунистиро дар ҳаракати коргарӣ барҳам додан ва ғ. вазифаҳои муҳими муборизаи идеологӣ мебошанд.

Мафҳуми Муборизаи синфӣ дар маънои маҳдуд воситаю методҳои он — корпартоӣ, намоиш, муборизаи парламентӣ, бойкоти интихобот, шӯриши яроқнок ва ғ-ро ифода менамояд. Марксизм-ленинизм таъкид мекунад, ки мутлақ гардонидани ин ё он шакли Муборизаи синфӣ хато буда, барои ҳаракати коргарӣ хавфи калон дорад. Қудрати Партияи Коммунистӣ ҳам дар он аст, ки вай шаклҳои гуногуни муборизаро вобаста ба шароити таърихӣ моҳирона истифода мебарад.

Хусусияти муҳимтарини муборизаи пролетариати ҳозира ягонагии мубориза дар роҳи демократия ва социализм аст. Синфи коргар дар рафти ин мубориза дар атрофи худ қувваҳои прогрессивӣ, қисми зиёди интеллигенция ва хизматчиёнро муттаҳид гардонда, барои ғалабаи револютсияи социалистӣ, аз зулми миллии иҷтимоӣ ва мустамликавӣ озод намудани халқҳо имконияти зиёде фароҳам меоварад.

Дар натиҷаи ба вуҷуд омадани системаи ҷаҳонии социализм, вусъати ҳаракати ҷаҳонии коргарӣ ва миллию озодихоҳӣ таносуби қувваҳо ба фоидаи социализм тағйир ёфта истодааст. Муборизаи ду система зиддияти асосии замони ҳозираро ташкил медиҳад. Дар зери таъсири он Муборизаи синфии пролетариати мамлакатҳои капиталистӣ ва ҳаракати миллию озодихоҳии халқҳо пурзӯр мегардад.

Таҷрибаи таърихӣ нишон медиҳад, ки муттаҳид намудани қувваҳои революционӣ ва амалиёти якҷояи онҳо бар зидди қувваҳои иртиҷоӣ ягона роҳи дурусти таъмин намудани сулҳу амонӣ, истиқлолияти миллӣ, демократия ва социализм аст.

Муборизаи синфӣ дар давраи диктатураҳоро пролетариат ба худ шаклу усулҳои нав мегарад. В. И. Ленин 5 шакли Муборизаи синфии ин давраи пролотариатро нишон медиҳад: барҳам додани муқобилияти синфҳои истисморкунанда; ҷанги гражданӣ; «бетараф гардондани» буржуазияи майда, махсусан деҳқонон; «истифодабарии» буржуазия ва мутахассисони буржуазӣ; тарбияи интизоми нав.

Ҳамаи ин шаклҳои Муборизаи синфӣ барои тамоми мамлакатҳо ҳатмӣ нестанд. Таҷрибаи таърихии мамлакатҳои демократияи халқӣ нишон дод, ки дар шароити дастгирии мамлакатҳои социалистӣ ва суст гардонидани мавқеи капитализми байналхалқӣ Ҷанги гражданиро пешгирӣ кардан мумкин аст. Дигар шаклҳои Муборизаи синфӣ вобаста ба шароити таърихии ин ё он мамлакат дар намудҳои гуногун зуҳур меёбад.

Дар давраи гузариш аз капитализм ба социализм моҳияти асосии Муборизаи синфиро масъалаи «кӣ-киро?», яъне ё социализм ё капитализм ташкил медиҳад.

Дар натиҷаи дигаргунсозии социалистии муносибатҳои ҷамъиятӣ шакли антагонистии зиддиятҳо, заминаи пайдоиши мухолифатҳои синфӣ аз байн рафта, муносибати синфи коргар, деҳқонони колхозӣ ва табақаи интеллигенция ба куллӣ тағйир ёфт. Асоси муносибати байниҳамдигарии онҳоро дӯстӣ, ҳамкорӣ ва ёрии муштарак ташкил дода, дар рафти сохтмони коммунизм фарқияти синфии байни онҳо кам шуда, умумияти ягонаи иҷтимоӣ ба амал меояд. Дар шароити социализм Муборизаи синфӣ дар ду шакл зуҳур меебад: муборизаи синфҳои меҳнаткаш ба муқобили капитализми байналхалқӣ; мубориза ба муқобили психологияи моликияти хусусӣ: эгоизм, нигилизм, миллатчигӣ ва шовинизм, ки дар шуур, рафтор, урфу одати қисми ками одамони советӣ боқӣ мондаанд:

Ад.: Маркс К. ва Энгельс Ф., Манифести Партияи коммунистӣ. Ас. мун., н. 1, Д.. 1963; Маркс К., Муборизаи синфӣ дар Франция аз соли 1848 то соли 1850, ҳамон ҷо; ҳамон муалл., Ҷанги гражданӣ дар Франция, ҳамон ҷо; Энгельс Ф., Нутк дар сари қабри Маркс, ҳамон ҷо, н. 2, Д., 1966; Программаи КПСС, Д.. 1970; Материалҳои съезди XXVI КПСС, Д.. 1981.

Н. Салимов.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …