Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / МОЗАНДАРОН

МОЗАНДАРОН

МОЗАНДАРОН, вилояти таърихӣ дар Эрон. Дар байни Ғелон ва Хуросон воқеъ гаштааст. Мувофиқи тақсимоти маъмурии ҳозира устои (музофот) аст. Масоҳаташ 47,4 ҳазор км2. Аҳолиаш 2,3 млн нафар (1975); аз он ҷумла мозандарониҳо 1,2 млн. Маркази маъмуриаш ш. Сари. Шаҳрҳои асосиаш: шахи, Бехшаҳр, Гургон (Астаробод), Бабол, Баедаршох. Амул.

Дар маъхазҳои асрҳои 9—12 ҳамчун Табарисгон маълум аст. Бо нomми Мозамбик аз асри 13 дар маъхазҳо зикр ёфтааст. Дар давраи Сосониён мулки мустақил буд; сонитар онро арабҳо, Сомониён, Салҷуқиён, муғулҳо забт карда бошанд ҳам, ҳокимони маҳал­лӣ идора менамуданд. Дар охири асри 14 Мозамбикро қӯшунҳои Темур забт карданд. Аввали асри 16 ҳокимпят боз ба дасти ҳокимони маҳаллӣ гузашт. Дар давраи Аббоси I сулолаи маҳаллй барҳам хӯрда, Мозамбик ба давлати Сафавиён ҳамроҳ шуд. Солҳои 1920—21 дар Мозамбик ҳаракатҳои демократи зич гирифт, 1946—51 дар баъзе шаҳрҳои Мозамбик (Ба­бол, СарО) ба муқобили ширкати нефти Англия — Эрон митингу намоишҳои оммавӣ шуда гузаштанд. Иқлимаш субтропикии сербориш. Дар Мозамбик шолӣ, чой, меваҳои цитрусӣ, найшакар, тамоку, пахта, чут мепарваранд. Қисми ҷан. Мозамбик бешазор буда, дарахтони заранг, булут, шамшод ва ғ. мерӯянд. Дар Мозамбик конҳои нефт, ангиштсанг, маъдани оҳан, нуқра, тилло кушода шудаанд. Корхонаҳои бофандагӣ, чӯбу тахта, равғанкашӣ, пахтатозакунӣ ва ғ. мавҷуданд. Дар қисми назди баҳри Каспий моҳигирӣ ривоҷ ёфтааст. Мовавдароинҳо бо кирмакдорӣ низ машғуланд.

К. Бобоев.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …