МОЦАРТ (Mozarl) Вольфганг Амадей (27. 1. 1756, Зальцбург — 5. 12. 1791, Вена), бастакори австриягӣ.
Намояндаи мактаби классикии Вена. Аз падараш Леопольд Моцарт, ки бастакор ва омӯзгор буд, таълим гирифта аст. Аз 4-солагӣ на волтани клавесинро омӯхта, дар 5-6-солагӣ асар (дар 8—9-солагӣ аввалин симфонияҳояшро) эҷод намудааст. Гастрюлҳояш дар хориҷа аз 6-солагӣ (ҳамроҳи хоҳараш Мария Анна) cap шудааст. Аз соли 1770 аъзои Академияи филармониявии Болонья. Солҳои 1769—77 концертмейстер ва 1779—81 аргунуннавози дарбори князьархие пископи Зальцбург. Аз соли 1781 дар Вена зистааст. Эҷодиёти Моцарт қуллаи олии мусиқии асри 18 ба шумор меравад. Дар асарҳои Моцарт мусиқии халқии Австрия ва ҷиҳатҳои пешқадами мусиқии асри 18 Европа ифода ёфта. ба эҷодиёти бастакорони романтик (алалхусус, Л. Бетховен) таъсири бузург гузоштааст. Моцарт дар жанрҳои гуногун қариб 600 асар эҷод кардааст. «Дуздӣ аз ҳарамсаро» (зингшпиль, 1782)., «Тӯи Фигаро» (аз рӯи мазҳакаи Бохарше, 1786), «Дон Жуан» (1787), «Иайя сеҳрнок» (1791), «Марҳамати Тита» (1791) ва ғ. аз қабили дурдонаҳои
операи ҷаҳонӣ ба шумор мераванд. Муаллифи 17. опера, 2 оратория 4 кантатӣ, 50 симфония, бештар аз 70 асари вокалӣ-симфонӣ (ария, ансамбл, хор бо оркестр), 23 квартети торӣ, 40 концерти инструменталӣ, бештар аз 50 асар барои ансамбли камеравӣ, 17 соната барои фортепиано, инчунин даҳҳо вариация, фантазия, месса ва сурудҳост. Дар асарҳои Моцарт зебоии ҳаёт ва ғояҳои демократии замон таҷассум ёфтаанд. Соли 1880 дар Зальцбург Муассисаи байналхалқии «Моцартеум» таъсис ёфта аст, ки дар назди он Институти омӯзиши мероси эҷодии Моцарт, китобхонаи «Моцартиана», ҷамъияти концертӣ, Академияи санъати мусиқӣ ва саҳнавӣ мавҷуд аст. Дар репертуари оркестри симфонии Филармонияи давлатии Тоҷикистон симфонияҳои 39, 40, 41-ум, «Серенадаи хурди шабона» барои оркестри асбобҳои торӣ, увертюра ва арияҳо аз операи «Тӯи Фигаро»-и Моцарт мавқеи намоён доранд. Театри академии давлатии опера ва балети ба номи С. Айнӣ операи «Тӯи Фигаро»-ро ба саҳна гузоштааст.