Маълумоти охирин
Главная / Биология / МОМОГУЛ

МОМОГУЛ

momogulМОМОГУЛ, гули момо (Campanula), ҷинси гиёҳҳои як-ду ва бисьёрсола, баъзан нимбуттаест аз оилаи момогулиҳо. Поли бешохча ё сершохча, барги бедумча ё думчадор, хӯшагули бисёргула (баъзан якгула), гули пайвастбарги зангӯла ё цифшакли кабуд, осмонранг, баъзан сафед ё бунафш, ғӯзаи 3—5-паллаи сертухм дорад. Зиёда аз 300 намуди Момогул дар минтақаи мӯътадили Нимкураи Шимолӣ, асосан дар ҷануби Европа, Осиёи Пеш, қисман Америкаи Шимолӣ паҳн шудааст. Дар СССР 150 (асосан дар Кавказ, 130) намуди Момогул мерӯяд. Дар РСС Тоҷикистон 5—0 намуди худрӯй (С. lehmanniana, С. cvolvulaceae, С. fedt-schenkoana ва ғ.) маълум аст. Намудҳои Момогул дар ҳамворӣ ва баландкӯҳҳо дида мешаванд. Решаи С. гаuneulus-po ба таом меандозанд; барги баъзе намудҳои он сервитамин Суда, аз он хӯриш тайёр мекунанд. Як қатор намудҳои Момогул (С. саграtlea, С. persicifolia — ниг. расм ва ғ.) гулдон маъмуланд ва ондоро дар боғи набототи Институти ботаникаи АФ РСС Тоҷикистон аз соли 1939 парвариш мекунанд.

Ад.: Флора СССР, т. 24, М.— Л., 1957; Цветоводство Таджикистана, Д.. 1065.

С. Ю. Юнусов.

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …