Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / МОЛИ ҒАЙРИМАНҚУЛА

МОЛИ ҒАЙРИМАНҚУЛА

МОЛИ ҒАЙРИМАНҚУЛА, дар ҳуқуқ қитъаи замин, иморат, иншооти асосӣ ё объекти дигаре, ки аз ҷое ба ҷое гузаронда намешавад. Категорияи ҳуқуқии Моли ғайриманқула пеш аз революция дар аксари мамлакатҳо, аз ҷумла дар Осиёи Миёна вуҷуд дошт. Қонунгузории давлатҳои буржуазии ҳозира ба аҳдномаҳо доир ба Моли ғайриманқула (махсусан доир ба замин) аҳамияти зиёд медиҳад. Дар ҳуқуқи советӣ ашё ба манқула ва ғайриманқула тақсим намешавад, зеро Моли ғайриманқулаи асосӣ — замин дар СССР танҳо моликияти давлатӣ буда, ҳеҷ кас ҳуқуқи хариду фурӯш в ҳадя карданро надорад. Тартиботи махсуси ҳуқуқие, ки барои замин, сарватҳои зеризаминӣ, об, ҷангалҳо, биноҳо, иншоот ва ғ. муқаррар шудааст, ба аҳамияти иқдисодии онҳо вобаста мебошад.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …