Маълумоти охирин

МОКША

mokshaМОКША, дарёест дар вилояти Пенза, РАСС Мордва ва вилояти Рязани РСФСР. Шохоби рости дарёи Ока. Тӯлаш 656 км, масоҳати ҳавзааш 51 ҳазор км3. Аз баландии Наздиволга ибтидо меёбад. Манбааш асосан барф. Ноябр ях бас­та, апрел яхаш об мешавад. Сарфи миёнаи об дар наздикиҳои резишгоҳ қариб 95 м3/сон. Шохоби асосиаш Цна (аз чап). Мокша аз посёлкаи Кадома киштигард аст. Дар Мокша салкашӣ мекунанд; ГЭС-ҳои хурд сохта шудаанд. Дар соҳилҳои дарё шаҳрҳои Темников, Краснослободск ҷой гирифтаанд.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …