МОКИЁН, ҷинси модинаи мурғи хонагӣ. Мокиён нисбат ба ҷинси наринаи мурғ (хурӯс) ҷуссаю сари хурд, гардани кӯтоҳ ва тоҷи майда дорад. Вазнаш 1,8-—4,5 кг. Рангаш сафед. сиёҳ, малла, сурх, ашхабӣ ва ғ. Аз 5-6-моҳагӣ то 10 сол (соле 180—365 дона) тухм мекунад. Мокиён одатан соле як бор (август—октябр, ҳангоми тулак) 2—3 ҳафта, баъзан то 2 моҳ курк мешавад. Мокиён курк ҷӯҷа мебарорад. Мокиёноро асосан дар мурғхона нигоҳ дошта, бо ҷуворимакка, ҷав, орди алаф, орди моҳӣ, орди гӯшту устухон, кунҷола, комбикорм, бехмева ва
ғ. мепарваранд. Ҷинси модинаи баъзе паррандаҳои дигарро низ «мокиён» меноманд. Мас., Мокиёни мурғи марҷон, Мокиён мурғобӣ, Мокиёни роз ва ғ. Ниг. низ Мурғ,