Маълумоти охирин

«МОҲУР»

«МОҲУР» 1) номи яке аз шӯъбаҳо дар системаи «Дувоздаҳмақом», ки дар радифи ҳафтуми 24 шӯъба ҷой дорад. Моҳур қаторовози ҳаштзинадор буда, оҳангаш ҳузнангез будааст. Абдурраҳмони Ҷомӣ дар «Рисолаи мусиқӣ» Моҳурро дар фасли 24 шӯъбаи «Дувоздаҳмақом» зикр намуда, дар чӣ гуна пайдо шудани пардаҳои он ва таркиботашро нишон медиҳад. 2) Мақоми чаҳоруми «Ҳафтдастгоҳ»-и мусиқии Эрон. Инчунин Моҳурро дар радифи даҳуми мақоми «Дувоздаҳгона»-и Эрон дидан мумкин аст.

Т. Шаҳобов.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …