Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / МОҲИҲОИ АКВАРИУМӢ

МОҲИҲОИ АКВАРИУМӢ

akvariumМОҲИҲОИ АКВАРИУМӢ, моҳиҳоеро гӯянд, ки дар аквариумҳо парвариш карда мешаванд. Бештари Моҳиҳои аквариумӣ дар шароитҳои табиӣ дар обанборҳои обҳои ширини тропикӣ ва субтропикӣ сокин мебошанд. Моҳиҳои аквариумӣ одатан ранги банур, шакли зебо ва андозаи хурд доранд. Ба Моҳиҳои аквариумӣ аз қатори гулмоҳишаклҳо оилаҳои харақинидҳо, хемиодоитидҳо, аностомидҳо, гулмоҳиҳо, аз қатори хормоҳишакли зерқатори хормоҳиҳо, аз қатори циприподонтидҳо моҳиҳои тухмзо, зиндазо ва ғ. мансубанд. Дар байни Моҳиҳои аквариумӣ моҳичаҳои тиллоранг, гуппиҳо, барбусҳо, скалярҳо, лаққамоҳичаҳо, неонҳо, налностомусҳо ва ғ. бештар маъмуланд. Моҳиҳои аквариумӣ объекти тадқиқоти генетикӣ, биохимиявӣ ва бионика мебошанд.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …