Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / МОГИЛЕВ

МОГИЛЕВ

mogilevМОГИЛЕВ, шаҳр, маркази маъму­рии вилояти Могилёви РССБ. Бандар дар дарёи Днепр. Узели роҳи оҳан ва шоссе. Аэропорт дорад. Аҳолиаш 290 ҳазор нафар (1979). Могилёв қариб ними маҳсулоти саноатии вилоятро медиҳад. Со­ҳаҳои асосии саноат: коркарди ме­талл ва мошинсозӣ (заводҳои автомо­билӣ ба номи С. М. Киров, «Строммашина», ки барои саноати масолеҳи бинокорӣ таҷҳизот мебарорад, «Электродвигатель», конструкцияҳои металлӣ, металлургӣ ва ғ.), химия (комбинатҳои химия, нахи синтезии «Лавсан», заводи нахи сунъӣ), хӯрокворӣ (комбинатҳои гӯшт, фабрикаи қаннодӣ, заводҳои нон, консерв, равану панир ва ғ.) ва саноати сабук (фабрикаҳои дӯзандагӣ, трикотаж, лентабофӣ, пойафзол ва ғ.). Инчунин комбинатҳои маснуоти силикатӣ, масолеҳи бинокорӣ, фабрикаи мебел ва 2 ТЭЦ дорад. Дар Могилёв институтҳои мошинсозӣ, техно­логӣ, педагогӣ. 9 мактаби миёнаи махсус, театри драма, музеи кишваршиносӣ мавҷуданд.

Могилёв бори нахуст дар маъхазҳои соли 1267 зикр ёфтааст. Дар давраи Ҷан­ги Бузурги Ватанӣ мудофиаи шаҳр аз қӯшунҳои фашистии немис 26 рӯз (аз 1 то 26 июли 1941) давом кард. Дар давоми қариб 3 соли ис­тилои фашистон дар Могилёв қариб 40 гурӯҳи пинҳонкор амал мекард. Шаҳрро 28 июни соли 1944 Армили Советӣ аз гитлерчиён озод намуд.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …