Маълумоти охирин
Главная / Илм / МОДУЛЯЦИЯ

МОДУЛЯЦИЯ

modulyatciyaМОДУЛЯЦИЯ (аз лот. modulatio— ченнокӣ, андозанокӣ) дар физика ва техника, аз рӯи қонуни додашуда бо мурури замон тағйир ёфтани бузургиҳое, ки ягон процесси якзайл такроршавандаро ифода мекунанд. Модуляцияро тавассути таъсири беруна ба амал меоваранд. Модуляцияи лаппишҳои электромагнитии радиодиапазонҳо ва диапазонҳои оптикӣ дар амалия беш­тар ба кор меоянд (ниг. Модуляцияи Рӯшноӣ). Кори ҳамаи асбобҳои электронӣ ба Модуляцияи сели электронҳо асос ёфтааст. Чунончӣ, дар лампаҳои электронӣ (ниг. Лампаи электронӣ) Модуляцияи зичии сели электронҳо, дар кинесогиро Модуляцияи интенсивияти дастаи электронҳои экранро бомбаборонкунанда истифода мешаванд. Дар клистронҳо ва асбобҳои электронии фавқулбасомад Модуляцияи суръати электронҳоро истифода мебаранд. Модуляция дар техникаи ченкунӣ фаровон ба кор меравад; Модуляцияи пешакии бузургиҳои ченшаванда имконият медиҳад ҳассосии асбобҳо ва саҳеҳия ченкунӣ баланд бардошта шавад.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …