Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / МОДЕЛСОЗӢ

МОДЕЛСОЗӢ

modelsoziМОДЕЛСОЗӢ, тадқиқи объектҳои маърифат аз рӯи модели онҳо сохтан ва омӯхтани моделҳои ашьё ва ҳодисоти воқеӣ (системаҳои зинда ва ғайризинда, сохтмони ннженерӣ, процессҳои мухталифи физикӣ, химиявӣ, биологӣ, иҷтимоӣ) ва объектҳои сохташаванда (барои муайян ва аниқ кардани характеристикаҳои онҳо, дарёфтани усулҳои самарабахши сохту сози онҳо ва ғ.). Ба моде­ли худ монанд ва мувофиқ будани объекти тадқиқшаванда асоси моделсозист. Мас., натиҷаҳои тадқиқоте, ки дар модели ягон мошин гузаронда шудаанд, ба натиҷаҳои тадқиқоти дар нусхаи аслии мошин гузарондашуда монанд аст. Дар илми муосир аз методи Моделсозӣ васеъ истифода мебаранд, он тадқиқотҳои илмиро осон мекунад; дар баъзе ҳолатҳо Моделсозӣ воситаи ягонаи омӯзиши объект­ҳо мебошад. Дар илм аксар бо чунин ҳодисаҳое сару кор доранд, ки аз сабаби бағоят бузург ё ниҳоят хурд будани андозаҳои онҳо ва ё аз ҳад дур будани масофаашон қоби­ли тадқиқи бевосита нестанд. Дар чунин ҳолатҳо объектҳоро тавассути модели онҳо тадқиқ мекунанд. Моделҳо, махсусан дар аснои тадқи­қи объектҳои мафҳум (мас., методҳои идоракуние, ки бо онҳо кибер­нетика машғул мешавад) аҳамияти калон пайдо мекунанд. Дар моделҳо мақсади омӯхтани хосиятҳои

объект процессҳои дар он баамаломада истифода мешаванд. Чунончӣ, модели атоми Н. Бор барои муайян намудани хосиятҳои гуногун (мас., устувор)-и атом имкон дод. Аз методҳои Моделсозӣ дар соҳаҳои гуногуни илм (физика, астрономия, биология, иқтисодиёт ва ғ.) на фақат барои муайян намудани хосият ва вобастагиҳои маълуми объект, балки хо­сият ва вобастагиҳои нави объект низ истифода мебаранд. Моделсозӣ вобаста ба характери тадқиқот физикӣ, математикӣ, электрӣ, кибернетикӣ, иҷ­тимоӣ, биологӣ, лингвистикӣ ва ғ. мешавад.

Мафҳуми Моделосзӣ, дар фалсафа баръакси мафҳуми модел, категорияи гноссологӣ буда, яке аз омилҳои асосии маърифатро ифода мекунад. Моделсозӣ ҳамчун усули маърифат бо инкишофи дониш зич алоқаманд аст. Моделсозӣ асосан дар замони атиқа ҳамчун шакли инъикоси воқеият баробари пайдоиши маърифати илмӣ ба вуҷуд омада, дар давраи Эҳё равшан зуҳур ёфтааст. Мавзӯи Моделсозӣ объектҳои хам конкретӣ ва ҳам абстрактӣ буда метавонанд. Моделсозиро вобаста ба характе­ри моделҳо ба ашёӣ, физикӣ, математикӣ, мошинҳои злектронӣ, аломатӣ ва ғ. тақсим менамоянд.

Моделсозии ашёӣ таҳқиқи объектро дар асоси моделҳое ифода мекунад, ки бо ёрии он хосиятҳои асосии геометрӣ, табиӣ, динамикӣ ва функционалии «пусханасл» ҳосил меша­ванд. Моделсозии ашьёӣ дар ҳолати муқаррарӣ бо макети объект сару кор до­рад ва бар ин сурат хосияти фазоии объект, шакли зоҳирӣ, таносуб ва алоқаи мутақобили онро ифода ме­кунад.

Моделсозии «моддӣ» (ашьёӣ) ва «ғоявӣ» аз якдигар фарқ доранд. Ин фарқ шартӣ бошад ҳам, Моделсозии якумро ҳам­чун «таҷрибавӣ», Моделсозии дуюмро ҳам­чун «назариявӣ» таъбир кардан мумкин аст. Ба Моделсозии «моддӣ» Моделсозии ашёӣ, табиӣ ва математикӣ, ба Моделсозии «ғоявӣ» Моделсозии системаи аломатҳо («тасаввуротҳои моделӣ») дохил ме­шаванд.

Моделсозӣ ҳамеша бо ёрии методҳои дигари умумиилмӣ татбиқ мешавад. Моделсозӣ, пеш аз ҳама, бо таҷриба зич во­баста аст. Ин хусусияти Моделсозӣ зарура­ти дар он истифюда намудани усули абстракциякунонӣ ва идеаликунониро истисно намекунад. Чунки бе истифодаи ин хосиятҳо аз модел ба асл кӯчондани дониш муҳол аст. Барои татбиқи бомуваффақияти Моделсозӣ се дараҷаи абстракциякунониро ҷу­до кардан зарур аст: дараҷаи имконпазири татбикшавӣ, дараҷаи «воқеӣ»-и татбиқшавӣ ва дараҷаи аз ҷиҳати амалӣ мақсаднок. Моделҳо ҳеҷ гоҳ дар бораи объекти тадқиқшаванда маълумоти пурра дода наметавонанд.

Барои ин муқоисаи моделҳои гуногуни объектҳои монанд зарур аст. Аз ин рӯ, дар соҳаҳои гуногуни илм «Моделсозии назариявӣ» васеъ истифода мешавад. Вазифаи асосии маърифатии Моделсозӣ дар он аст, ки вай ҳамчун сабаб, манбан назарияҳои нав хизмат мекунад. Бисьёр вақт назария аввалин бор дар шакли модел пайдо шуда, дар бораи ҳодисаҳо маълумоти тахминӣ медиҳад. Дар рафти Моделсозии минбаъда ғоя ва шаклҳои нави таҷриба ба вуҷуд омада, маъ­лумотҳои то ҳол номаълум кашф мешаванд. Моделсозӣ на фақат яке аз омилҳои инъикоси ҳодисаҳо ва процессҳои воқеият, балки меъёри объективию амалии санҷиши ҳаққонияти донишҳои инсонӣ низ мебошад. Дар замони ҳозира вобаста ба инкишофи кибернетика роли Моделсозӣ афзудааст.

Ад.: Асосҳои фалсафаи марксистӣ-ленинӣ, Д., 1976; Новик И. Б„ О моде­лировании сложных систем. М., 1965; Моделирование как метод научного ис­следования, М., 1965; Чавчанидзе В. В., Гельман О. Я., Моделирование в науке и технике. М., 1966; Усмон А. И., Логические основы метода моде­лирования, М., 1971.

Дар тадқиқотҳое, ки бо усули Моделсозии физикӣ гузаронда мешаванд, моделҳоеро истифода мебаранд, ки сохти геометрӣ ва хосиятҳои физикиашон ба худи процессҳои физикӣ монанд буда, миқдоран фарқ мекунанд. Моделсозии физикиро барои санҷидани иншоотҳои гидротехникӣ, самолётҳо, киштиҳо ва ғ. истифода мебаранд. Дар Моделсозии математикӣ ифодаҳои математикии процессҳои физикӣ моделонида мешаванд. Моделсозии электрӣ ҳам маъмул аст. Дар он муқовиматҳои индуктивӣ, ғунҷоишӣ ва фаъолро истифода мебаранд. Барои омӯх­тани процессҳои идоракунии дар организмҳои зинда ҷой дошта моделҳои кибернетикӣ таъин шудаанд. Боз як намуди Моделсозӣ вуҷуд дорад, ки онро Моделсозии қиёсӣ меноманд. Он ба монандии ҳодисаҳое, ки табиати физикиашон ҳархела буда, бо муодилаҳои математикӣ (алгебравӣ, дифференциалӣ ва ғ.)-и якхела ифода меёбанд, асос ёфтааст. Мас., ду системаро мушоҳида мекунем. Яке аз онҳо системаи механикӣ буда, меҳвари он ба воситаи пру­жина ва сарчархе, ки як қисмаш дар дохили моеъи часпак воқеъ гардиддаст, ба навард ҳаракати даврзананда медиҳад. Дуюм системаи электрӣ буда, аз манбаи КЭХ иборат аст, ки тавассути ғалтаки индукти­вӣ, конденсатор ва муқовимати фаъол ба ҳисобкунаки энергияи элект­рӣ пайваст шудааст. Агар қиматҳои индуктивият, ғунҷонш ва муқовимати системаи алектриро ба қиматҳои чандирии пружина, инертнокии сарчарх ва часпакии моеъи системаи механикӣ мувофиқ кунонем, ин системаҳо аз ҷиҳати сохт ва вазифа ба ҳам монанд мешаванд. Онҳо бо як муодилаи дифференциалӣ ифода меёбанд. Ин муодила метавонад барои ҳар ду система вазифаи «модели назариявӣ»-ро иҷро намояд. Чунин монандӣ асоси Моделсозии электрии системаи механикиро ташкил медиҳад.

Таҷҳизоти Моделсозии мураккаб ҳисобмошинҳои қиёсӣ мебошанд.

Дар ин навъ мошинҳо Моделсозӣ дар асоси ба бузургиҳои бефосила тағйирёбандаи электрӣ монанд будани ягон бузургии физикӣ гузаронда мешавад. Дар вақти тартиб додани муодилаи процесси физика ба ҳисоб гирифтани ҷамеи омилҳо боиси мураккаб шудани масъала мегардад. Аз ин рӯ, дар вақти тартиб додани программа танҳо омилҳои асосиро ба назар мегиранд. Дар Иттифоқи Советӣ Ҳисобмошинҳои қиёсии ЭМУ-8, МПТ-9, МНБ-1, МН-7, МН-10, МН-14, МН-17, МН-18 истеҳсол шудаанд. Бо ёрии ин гуна мошинҳо муодилаҳои дифференциалии хаттӣ ва ғайрихаттиро ҳал кардан мумкин аст.

Моделсозӣ дар иқтисодиёт аз асри 18 cap карда дар «Ҷадвалҳои иқтисодӣ»-и Ф. Кенз истифода шудааст. Онро К. Маркс ғояе номидааст, ки он аз ҳамаи ғояҳои иқтисоди сиёсии ҳамон давру замон «бешубха ғояи аз домаген калонатарин ба шумор меравад» (Маркс К. ва Энгельс Ф., Ас. нашри 2, ҷ 26, қ. 1, соли 345). Аслан ин нахустин кӯшише дар бобати ба як шакли муайян даровардани тамоми процесси такрористеҳсолӣ ҷамъият буд. Схемаи такрористеҳсол, ки К. Маркс ба вуҷуд оварда В. И. Ленин инкишоф дод, ба илми иқтисодиёт таъсири калон расонид. Натиҷаи бевоситаи ин муносибат назарияи баланси байнисоҳавист. Махсусан аз нимаи дуюми асри 20, вақте ки як қатор соҳаҳои нави математика ва ҳисобмошинҳои электронии ба ҳалли масъалаҳои мураккаб қодир ба вуҷуд омаданд, истифодаи методи Моделсозӣ дар иқтисодиёт васеъ паҳн шуд. Дар илми ҳозиразамони буржуазӣ методи Моделсозиро дар иқтисодиёт қариб ҳамаи иқтисодчиёни буржуазӣ истифода мебаранд.

Дар СССР инкишофи методи Моделсозӣ дар иқтисодиёт бо номи олимон Л. В. Канторович, А. Л. Лурье, В. С. Немчинов, В. В. Новожилов, А. Г. Аганбегян ва ғ. алоқаманд аст.

Процесси тадқиқоти иқтисодиро бо ёрии Моделсозӣ шартан ба якчанд марҳала ҷудо мекунанд. Дар марҳалаи якум вазифаи умумӣ ва объекти тадқиқот муайян карда мешавад (мас., иқтисодиёти умумиҷаҳонӣ, иқтисодиёти хоҷагиҳои ҷаҳони капиталистӣ ва социалистӣ, мамлакати алоҳида, соҳаҳо, корхона, фирма, талаботу истеъмолот, тақсимоти даромадҳо, нархгузорӣ ва ғ.). Марҳалаи дуюм ба вуҷуд овардани Моделсозии системаи иқтисодӣ мебошад. Марҳалаи сеюм таҳлили математикии Моделсозиест, ки ҳамчун воситаи ба даст овардани на танҳо хулосаҳои миқдорӣ, балки сифатӣ низ хизмат мекунад. Марҳалаи чорум тафтиши натиҷаҳои бадастомада аст. Марҳалаи панҷум ҷорӣ намудани натиҷаҳои тадқиқот мебошад. Дар ҷамъияти капиталистӣ Моделсозӣ асосан фақат дар ҳудуди фирма ё корхона самара медиҳад. Истифодабарии амалии он дар миқёси тамоми мамлакат аз сабаби ба капитализм хос будани зиддиятҳои антагонистӣ маҳдуд аст. Дар шароити социализм бошад, барои ҳалли проблемаҳои планкашӣ ва идоракунии тамоми хоҷагии халқ ба имкониятҳои принципан нави истифодабарии самараноки Моделсозӣ роҳ кушода мешавад.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …