Маълумоти охирин
Главная / Илм / МОДЕЛ

МОДЕЛ

МОДЕЛ (франс. modele, итал. тоdello ва лот. modulus — ченак, меъёр, намуна), 1) намунаест, ки аз рӯи он ягон ашёро (автомобил, либос ва ғ.) ба миқдори зиёд истеҳсол ме­кунанд, навъ, дараҷа (марка)-и ягон маснуот ё конструкцияро низ Модел меноманд. 2) Маснуоти чӯбӣ, гилӣ, мумӣ, гаҷӣ ва ғ-ро гӯянд, ки аз он қолиб (форма) бардошта мешавад (ба­рои аз дигар масолеҳ сохтани мас­нуоти мазкур). 3) Касест, ки аз ӯ рассом нусха мебардорад (ба истилоҳи рассом «натурщик» (русӣ); умуман ҳамагуна объекти тасвиршавандаро Модел меноманд. 4) Дастгоҳи хурдест, ки ба воситаи он сохту амалиёти дастгоҳ (дастгоҳи аслӣ)-ро ба мақсади илмӣ, амалӣ (мас., дар озмоишҳои истеҳсолӣ) ё спортӣ таҷдид мекунанд.

Модел (дар маънои томаш) образ (аз ҷумла образи шартӣ ё фикрӣ, тасвир, схема, нақша, ҷадвал, план, харита ва ғ.) ё худ намунаи ягон объект ва ё системаи объектҳое (ес­ли Модели мазкур)-ро гӯянд, ки дар шароити муайян ба сифати «ҷонишин» ё худ «намоянда»-и онҳо истифода мешавад. Мас. глобус Модели Замин аст, Модели қисматҳои гуногуни Коинот (саҳеҳтараш — осмон) — экрани планетария мебошад. Ба худи ҳамин маънӣ метавон гуфт, ки хусаи ҳайвон Модели ҳайвони мазкур, сурати паспорт Модели соҳиби паспорт мебошад (ҳол он, ки рассом, баръакс, шахсеро, ки сурати ӯро мекашад, Модел меномад). Дар математика ва мантиқ Модели ягон системаи аксиомаҳо гуфта одатан маҷмӯи объектҳоеро меноманд, ки хосиятҳо, муносибатҳои байниҳамдигарии онҳо ба аксиомаҳои мазкур мутобиқанд (объектхои номбурда дар забони ин аксиомаҳо ифода меёбанд).

Модел дар биология, барои моделсозии структураҳои биологӣ, функция ва процессҳое, ки ба зинаҳои гуногуни такомули объектҳои зинда ва қисмҳои он (молекула, ҳуҷайра, узву система, организми бутун ва ғ.) хос аст, истифода меша­вад. Дар биология асосан се навъи Модел маълум аст: биологӣ, физикию химиявӣ ва математикӣ. Модели био­логӣ имконият медиҳад, ки механизмҳои ба вуҷуд омадани ҳолатҳои муайян ва бемориҳои гуногуни одам ва ҳайвонот (мас., ҳолатҳои амоциовалӣ ва гипертонӣ, заҳролудшавӣ, процессҳои сироятӣ ва ғ.) дар шаро­ити лабораторӣ бо роҳи таҷрибавӣ дар ҳайвонҳо омӯхта шаванд. Модели биологӣ дар генетика, физиология ва фармакология ҳарҷониба истифода мешавад.

Модели физикию химиявӣ структура, функция ва ҷараёнҳои биологиро бо ёрии воситаҳои физи­кӣ ва химиявӣ аз нав ба вуҷуд меорад. Барои сохтани Модели физикию химиявӣ олимон ҳанӯз аз солҳои 60 асри 19 кӯшиш карда буданд. Мас., олими немис М. Траубе (1867) Модели сабзиши ҳуҷайраи зиндаро дар натиҷаи кристаллбандии намаки сулфати мис (CuSO«) дар маҳлули обии K4[Fe(CN)6] ба вуҷуд овард; физи­ки франсавӣ С. Ледюк (1907) гудохтаи СаСЬ-ро ба маҳлули сери KjPO андохта структураи биологиеро ҳо­сил намуд, ки зоҳиран ба обсабзҳо ва занбурӯғҳо монанд аст; зоологи немис О. Бючли (1892) равғани зайтунро бо ҳалкунандаҳои гуногуни дар об ҳалшаванда омехта ва сипас ин маҳлулро бо як қатра об омехта кафки микроскопии ба протоплазма монандро ҳосил кард. Ҳамаи ин Моделҳо, ки имконияти ба вуҷуд овардани баъзе хусусиятҳои объекти зиндаро нишон доданд, ба монандии сифатии зоҳирии структураҳои биологӣ асос карда шудаанд. Моделҳои мураккабтари физикию химиявие, ки барои чуқуртар омӯхтани функция ва дигар процессҳои биологӣ имконият медиҳанд, дар асоси принципҳои электро­техника ва электроника сохта меша­ванд. Мас., схемаҳои электроние, ки барои моделонии потенциалҳои биоэлектрии ҳуҷайраҳои асаб ва шохаҳои он хизмат мекунанд, мошини механикии электроние, ки рефлекси шартиро ба вуҷуд меорад, аз қабили чунин Моделҳоянд. Ин Моделҳо шакли организмҳои моделонидашавандаро доранд (мас., муш, сангпушт, саг ва ғ.), вале чунин Моделҳо низ ҳодисаҳоеро, ки дар организм мушоҳида ме­шаванд, хеле содда мекунанд. Бинобар ин онҳо аз биология дида дар бионика мақоми зиёд доранд. Дар айни замон комёбиҳои бештар намоён дар соҳаи сохтани Моделҳое, ки шароитҳои физикию химиявии мавҷудияти организмҳо, узвҳои онҳо ва ҳуҷайраро нишон медиҳанд (мас., ба вуҷуд овардани Модели муҳити дохилии организм, Модели мембранаҳои биологӣ ва ғ.), ба даст оварда шудаанд.

Модели математикиро дар асоси маълумотҳои амалӣ ё мантиқӣ сохта сипас, онро бо роҳи таҷрибавӣ месанҷанд. Санҷиши Модели математикии ҳодисаҳои биологӣ дар ЭВМ (ҳисобмошини электронӣ) аксар ба­рои пешакӣ донистани мақоми тағйирёбии процессҳои биологии тадқиқшавандае, ки бо роҳи таҷрибавӣ аз нав ба вуҷуд оварданашон душвор аст, имконият медиҳад. Моделҳои математикӣ, мантиқию математикӣ ва такмили онҳо барои ривоҷу равнақи биологияи математикӣ ва назариявӣ шароитҳои қулай фароҳам меоваранд.

Ад.: Моделирование в биология. М., 1953; Математическое моделирование жиэпепных процессов, М., 1968.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …