Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / МИЗДАҲКОН

МИЗДАҲКОН

mizdahkonМИЗДАҲКОН, шаҳри қадимаи Осиёи Миёна (миёнаҳои ҳазораи 1 то м.— а. 15). Миздаҳкон дар соҳили рости д. Аму, рӯ ба рӯи ш. Гургани (ҳозира райони Хунайлии РАСС Қароқалӣ.) воқеъ буд. Солҳои 1928—29 А. Ю. Якубовский тадқиқи Миздаҳконро cap кард ва Экспедицияи археологию этног­рафии Хоразм таҳти роҳбарии С. П. Толстое солҳои 1962, 1964—65 онро давом дод. Дар асри 10 Миздаҳкон шаҳри обод бу­да, дар атрофаш 12 ҳазор қӯрғон доштааст. Габрқалъа қисми асосии Миздаҳкон ба шумор мерафт. Дар қабристонҳои Миздаҳкон майитҳои пайравони зардутатия ва масеҳиятро ба устадонҳо андохта мегӯронданд. Дар устадонҳо нақш ва катибаҳои ба забони қадимаи хоразмӣ таълифгардида боқӣ мондаанд. Дар давраи истилои муғул (а. 13) Миздаҳкон ба хароба табдил ёфт. Харобаи Миздаҳкон охири асри 13 — аввали асри 14 бо но­ми Габрқалъа маълум буд.

Ад.: Якубовский А. Ю., Городи­ще Миздахкан. Записки коллегии востоковедов при Азиатском музее АН СССР, т. 5, Л., 1930; Ягодин В. Н., Ходжайвон Т. К., Некрололь Миздахка- ва, Ташкент, 1970.

Т. Беляева.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …