Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / МИРЗОАЛИЕВА Каромат

МИРЗОАЛИЕВА Каромат

nophoto-womenМИРЗОАЛИЕВА Каромат (7.9.1926, ш. Конибодом, вилояти Ленинобод, РСС Tоҷикистон) ходими давлатӣ ва партиявию советӣ. Аз оилаи хизматчӣ. Аъзои КПСС аз соли 1946. Соли 1942 омӯзишгоҳи педагогии райони Ғармро хатм намуда, дар матбуоти даврагӣ кор кардааст. Солҳои 1947—49 шунавандаи Мактаби партиявии Тоҷикистон, 1949 ҷонишини мудири шӯъбаи пропаганда ва агитацияи Комитети партиявии pайони Роҳатӣ ва котиби якуми Комитети комсомолӣ pайони Орҷоникидзеобод, 1952—53 ҷонишини мудири шӯъбаи органҳои комсомоли КМ комсомоли республика ва мудири шӯъбаи корҳои маданию маърифатӣ, 1953—1955 котиби дуюми Комитети комсомоли вилояти Кӯлоб, 1955—1956 мудири сектори шӯъбаи органҳои партиявии КМ ПК Тоҷикистон. Солҳои 1956—60 шунавандаи Мактаби олии партиявии ш. Тошкент, 1960—1963 инструктори КМ ПК Тоҷикистон, 1963—64 инструктори Комитети партиявии ш. Душанбе, 1964—1967 ҷонишин ва баъд раиси комитети иҷроияи Совети депутатҳои ҳалқии райони Октябрь, 1967—1970 котиби якуми Комитети партияи pайони Октябрь, 1970—71 аъзои бюро, ташкилии КМ ПК Тоҷикистон ба вилояти Ленинобод, 1971—78 котиби Комитети партиявии вилояти Ленинобод, Аз октябри 1978 вазири таъминоти сотсиалии РСС Тоҷикистон Аз соли 1971 аъзои КИ ПК Тоҷикистон, депутати Совети Олии РСС Тоҷикистон (даъвати 10). Бо ордени Байрақи Сурхи Меҳнат. 3 ордени «Нишони Фахрӣ» ва медалҳо мукофотонида шудааст.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …