Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / МИРОЛИМОВА Хосият

МИРОЛИМОВА Хосият

nophoto-womenМИРОЛИМОВА Хосият (таваллуд (914, деҳаи Ғозиёни Хуҷанд), пахткор Қаҳрамони Меҳнати Социалистӣ (1947), Устоди пахтаи РСС Тоҷикистон (1957). Аъзои КПСС аз соли 1944. Солҳои 1933 — 34 колхозчӣ, 1934—40 сардори звено ва раиси колхози «Ком­мунизм» (собик; колхози ба номи И. В. Сталин)-и райони Вахш (собиқ райони Октябрь), 1940— 47 сардори бригада, 1947—50 раиси колхози ба номи С. Урунхунаев, 1950— 56 сардори бригада, 1956—58 раис, 1958—63 ҷонишини раис, 1963—66 сардори бригадаи колхози ба номи М. В. Фрунзеи pайони Хуҷанд ва аз соли 1966 раиси совети занони колхози номбурда. Бригадаи Миролимова солҳои 1940—47 мунтазам ҳосили фаровони пахта рӯёндааст. Дар съездҳои 7—8-уми ПК Тоҷикистон аъзои КМ ПК Тоҷикистон интихоб шудааст. Бо 2 ордени Ленин, медалҳо ва Грамотаҳои Фахрии Президиуми Совети Олии РСС Тоҷикистон мукофотонида шудааст.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …