Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / МИРХОЛИҚОВ Темурбон

МИРХОЛИҚОВ Темурбон

nophoto-manМИРХОЛИҚОВ Темурбон (таваллуд 29. 10.1938, С. қ. Ҳайдар Усмонови райони Хуҷанди вилояти Ленинобод), ходими

давлатии советӣ. Аъзои КПСС аз соли 1964. Аз оилаи коргар. Институти бофандагии Тошкентро хатм кардааст. Солҳои 1956- 58 мошинисти фабрикаи рангубор, 1963—70 ҷонишини сардори цехи пиллакашӣ, сардо­ри цех, ҷонишини саринженери Комбинати абрешими Ленинобод (аз 1967), 1971—74 мудири шӯъбаи саноат ва нақлиёти Комитети партиявии вилояти Ленинобод. 1974— 76 ҷонишини якуми вазир, 1976—82 вазири Саноати сабук, аз соли 1982 раиси Комитети планкашии давлатӣ ва ҷонишини раиси Совети Вазирони РСС Тоҷикистон Депутати Советӣ Олии РСС Тоҷикистон (даъвати 10). Бо ордени «Нишони Фахрӣ», медаль ва Грамотаи Фахрии Президиуми Совети Олии РСС Тоҷикистон мукофотонида шудааст.

 

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …