Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / МИРФАҲМИИ БАДАХШӢ

МИРФАҲМИИ БАДАХШӢ

nophoto-manМИРФАҲМИИ БАДАХШӢ (соли таваллуд ва вафот номаълум), шоири тоҷик. Дар асри 16 умр ба cap бурдааст. Мирфаҳмии Бадахшӣ дар Бадахшон ба дуньё омада, он ҷо ба камол расида­аст. Баъд роҳи Самарқандро пеш гирифта ва дар доираҳои адабии он шаҳр шӯҳрат ёфтааст. Пас аз ин ба Ҳиндустон рафта, ба хидмати ҳокимо дохил гардид. Вале дере нагузашта аз хидмат дур шуд ва дар хориву зорӣ вафот кард. Мирфаҳмии Бадахшӣ бештар ашъори ҳаҷвӣ гуфтааст, вале дар ҳаҷву мазаммат баъзан аз эътидол берун рафтааст. Аз ин рӯ, дар манбаъҳои адабӣ ашъори ӯро ракик (дурушт, қабеҳ) гуфтаанд.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …