Маълумоти охирин
Главная / Илм / МИНЕРАЛ

МИНЕРАЛ

mineralМИНЕРАЛ (франс. mineral, аз лот. minera — маъдан), пайвасти химиявиест, ки аз ҷиҳати хусусиятҳои физикию химиявӣ якхела буда, дар натиҷаи процессҳои геохимиявии қишри Замин ба вуҷуд меояд. Минералҳое, ки аз онҳо ҷинсҳои кӯҳӣ ҳосил мешаванд, минералҳои ҷинсофарарин, Минералҳое, ки аз маъдан иборатанд, минералҳои маъданӣ ва Минералҳое, ки дар таркиби ҷинсҳо ба миқдори хеле кам мавҷуданд, минералҳои акцессорӣ ном доранд. Минералҳо одатан сахт, кристал­ле, баъзан моеъ (симоби табиӣ) ме­шаванд. А. Е. Ферсман пайвастҳои гуногуни газмонанд (гидрогенсулфид, метан, гази карбонат)-ро низ Минерал ҳисоб мекунад. Обро ба Минерал нисбат додан масъалаи баҳсталаб аст, вале яхро ҳама Минерал мешуморанд; ба ақидаи А. Г. Бетехтин, нефтро ба қатори Минерал дохил кардан мумкин нест, зеро массаи он гуногунтаркиб буда, Минералҳои органикии ҳархеларо дар бар мегирад. Қаҳрабо, парафин, узвеллит ва озокерит барин Минералҳои органикӣ гурӯҳи махсуси кам омӯхташударо ташкил медиданд. Минералҳо бо хусусиятҳои морфологӣ ва физикиашон (ранг, ҷило, шаффофӣ, магнитвокӣ, радиоактивият, сахтӣ, зи­чӣ, тарзи шикасташавӣ, муртӣ ва ғ.) аз якдигар фарқ мекунанд. Морфологияи минералҳо, ки барои муайян кардани Минералҳо ва муқаррар намудани генезиси онҳо аҳамияти ка­лон дорад, фасли махсуси минерало­гия ва кристаллографияро ташкил медиҳад (кристалломорфология). Морфологияи минералҳо ба морфологияи кристаллҳо ва морфологияи агрегатҳои минералӣ тақсим меша­вад. Морфологияи минералҳои нисбатан камёфти пурра кристаллбастаро илми дигари махсус — крис­таллография меомӯзад. Морфологи­яи Минералҳоро аз рӯи сохти табиӣ панҷараи кристаллӣ ва шароити пайдоиши онҳо муайян мекунанд; вобаста ба омилҳои номбурда Минералҳои гуногуншакл ҳосил мешаванд: а) шаклҳои изометрӣ, ки ба се тарафи ба ҳам перпендикуляр қариб баро­бар инкишоф ёфтаанд (октаэдрҳои магнетит, кубҳои галенит, галит, пи­рит, додекаэдрҳои бечодаҳо, тетраэдрҳои сфалерит); б) шаклҳои ба призма, қаламча ва ба сӯзан монанд, ки ба як тараф инкишоф ёфтаанд (кристаллҳои кварц, турмалин, антимонит, эгирин, сподумен); в) шаклҳои ба тахтача, пластинка, варақ ва пулакча монанд, ки ба ду тараф инкишоф ёфтаанд (биотит, мус­ковит, талқ). Минералҳои таркибашон чякхела аз таъсири омилдои беруна шаклҳои гуногун пайдо карда метавонанд (полиморфизм)— алмосу гра­фит, калциту арагонит. Дар баробари ин Минералҳои таркибашон тағйирёбанда метавонанд сохт ва шакли қариб якхела дошта бошанд (изо­морфизм)— плагиоклазҳо, карбонатҳо. селитраи калий ва ғ. Дар табиат аз Минералҳои хеле калони қариб 10- метра (мас., кристаллҳои биотит ё сподумен дар конҳои пегматитӣ) то Минералхои бо микроскоп базӯр дидашаванда (минералҳои гил, фосфат ва ғ.) вомехӯранд. Минералҳо одатан шакли шуда ва агрегатҳои гуногунро доранд (друзаҳо, конкрецияҳо, секрецияҳо, болитҳо, дондритҳо ва ғ.). Ҳамон як Минерал вобаста ба пайдоиши худ шаклҳои гуногуни агрегатӣ қа­бул карда метавонад (мас., кристалли шпати исландӣ ва оҳаксанги май­да дона). Ранги Минерал муҳимтарин нишонаи зоҳирист, ки он одатан ба хусусиятҳои хромофории элементҳои таркиби Минералҳо (идиохроматизм), хусусиятҳои гуногуни оптикӣ (псевдохроматизм) ва миқдори омехтаҳои дисперсии механикӣ (аллохро­матизм) вобаста аст. Бисьёр Минералҳо аз сабаби гуногунрангии худ чандин намудҳо доранд; инак, намудҳои корунд: леикосапфир — ёқути беранг, сапфир — ёқути кабуд, ёқути сурх. Минералҳо инчунин шаффоф (то­паз, булури кудӣ, шпати исландӣ), нимшаффоф (зумуррад, рутил, шангарф, сфалерит) ва ғайришаффоф (пирит, магнетит, графит) меша­ванд. Ҷилои Минералҳо ба қобилияти аксандозии онҳо вобаста буда, асосан шишагун (кварц, бечоҳа), алмосӣ (циркон, касситерит, алмос), нимметаллӣ (шангарф, гематит, колум­бит), металлӣ (антимонит, галенит, молибденит) ва баъзан хира, зифт ё мум барин, гоҳо мисли шодӣ ва ё садафмонанд мешаванд. Люминес­ценция яке аз хусусиятҳои Минерал аст. Минерал аз таъсири гармӣ ё шуоъборонкунӣ равшанӣ медидад. Аммо як қатор Минералҳо танхо ҳангоми таъсири беруна равшанӣ медиҳанд (флюо­ресценция), қисми дигарашон баъди қатъ гардидани таъсири беруна равшанӣ мебахшанд (фосфоресцен­ция). Сахтии Минералҳоро аксар вақт аз рӯи шкалан даҳбаллии Моос ва сах­тии мутлақи онҳоро (кг/мм2) бо асбоби махсуси сахтисанҷ муайян ме­кунанд. Вазни қиёсӣ (зичӣ-и Минералҳо ба вазни атомии элементҳои тарки­би минерал, ионҳои таркиби анионҳои иловагӣ (ОН-, F-), об ва типи структураи кристаллӣ вобаста аст. Аз рӯи ин хусусиятҳояшон Минералҳо ба гурӯҳҳои зерин тақсим мешаванд: сабук (то 2500 кг/м3)—озокерит, ях, қаҳрабо, сулфур, гипс, галит, силвин; миёна (2500—4000 кг/мэ) — кварц, шпати даштӣ, топаз, ставро­лит, пироксен, амфибол, абрақ вазнин (4000—8000 кг/м3)—барит, анг­лезит, галепит, халкопирит, циркон; хеле вазнин (беш аз 8000 кг/м3) — тиллои холис, мис, нуқра, злектрум аз поликсен.

Таснифоти Минералҳо ва принципҳои онҳо дар процесси инкишофи минералогия ва дигар илмҳои муштарак борҳо тағйир ёфтаанд. Таснифоти имрӯза, ки ба А. Г. Бетехтин тааллуқ дорад, тафовути байни типи пайвастҳои химиявӣ ва панҷараҳои кристаллиро ба асос мегирад. Минералҳо аз рӯи типи пайвастҳои химиявӣ ба ҷисмҳои содда (элементҳои холис) ва таркиби (бинарӣ ва ғ.) тақсим мешаванд. Дар структураҳои Минерал баробари анионҳои содда S2-, О2-, ОН-, С1- ва ғ. радикалҳои комплексии намакҳосилкунанда [С03р-, (SIO^J4—, (РО«)*— ва ғ. низ бисьёранд. гурӯҳҳои гуногуни Минералҳо вобаста ба таркиби анионҳои содда ё комп­лексии худ аз ҳам фарқ мекунанд. Тамоми Минералҳо ба элементҳои холис, сулфидҳо, пайвастҳои галоидӣ, ок­сидҳо ва гидрооксидҳо, намакҳои оксигенӣ, карбонатҳо, сулфатҳо, молибдатҳо, волфраматҳо, фосфатҳо ва силикатҳо тақсим мешаванд. Қа­риб 2,5 ҳаз. минерал маълум аст. Дар табиат Минералҳои синфи силикатҳо ва алюмосиликатҳо — қариб 25%, оксидҳо ва гидрооксидҳо — қариб 12%, фосфатҳо — қариб 18%, пайвастҳои сулфидӣ — қариб 13%, сулфатҳо — қариб 10%-ро ташкил медиданд 92%-и қишри Замин аз силикатҳо, оксидҳо ва гидрооксидҳо таркиб ёф­тааст. Қисми зиёди Минералҳо дар шаро­ити эндогении қаъри Замин ҳанго­ми кристаллбандии магма ва ҷудо шудани флюидҳои он (газҳо, буғҳо, маҳлулҳои гидротермалӣ) тавассути ба ҳамдигар ва ҷинсҳои кӯҳии атроф таъсир расонидани компонентҳои онҳо ҳосил мешаванд. Бештари Минералҳо дар шароити экзогении қабатҳои болоии қишри Замин ноустувор буда, аз таъсири об, оксиген, гази карбонат ва пайвастҳои гуногуни органикӣ вайрон мешаванду комплекси минералҳои дуюмбораро ҳо­сил мекунанд (боксит, лимонит ва ғ.). Минералҳо инчунии аз таҳшиншавии моддаҳои оби баҳр, лагуна ва кӯлҳо ба вуҷуд меоянд: карбонатҳо, сулфатҳо, глауконитҳо, фосфатҳо ва ғ. Дар шароити экзагенӣ микроорганизмҳо низ барои ҳосил шудани Минерал аҳамияти калон доранд. Конҳои биохимиявӣ (сулфур, фосфорит, сӯзишвориҳои зеризаминӣ) гурӯҳи махсусро ташкил медиҳанд. Ҳамаи Минералҳои зикршуда аз ҳаракатҳои пуршиддати тектоникӣ дар чуқуриҳои гуногуни қишри Замин ба ҳарорати баланд ва фишори зиёди торафт афзоянда дучор мешаванд, яъне аз нав ноустувор гардида, ба Минералҳои метаморфогенӣ табдил меёбанд (ниг. низ Конҳои метаморфогенӣ). Терр- ҳои комплекси муайяни Минерал доштаро ноҳияҳои минералдор ме­номанд. Фосилаҳои вақте, ки барои ҳосилшавии комплекси муайяни Минерал мусоиданд, замони минералӣ ном доранд. Омӯхтани алоқамандии байни хусусиятҳои химиявӣ, физикию морфологии Минералҳо ва шароитҳои ба вуҷуд омадани онҳо барои таҷдид намудани таърихи пайдоиши конҳо имконият фароҳам меоварад ва он асоси ҷустуҷӯю инкишофи сарватҳои зеризаминӣ мебошад.

Минерал аз қадимулайём дар соҳаҳои гуногуни фаъолияти инсон кор фармуда мешавад. Аҳамияти он дар ҳаётн имрӯзаи одамон ҳам бағоят бузург аст. Як қатор Минералҳо барои ҳо­сил кардани металлҳои (оҳан, манган, мис, хром, қалъагӣ, симоб ва ғ.) манбаи асосианд. Минералҳои дигар, монанди асбест, кварц, шпати даштӣ, гипс, абрац, намак ва ғ. дар хоҷагии халқ бевосита кор фармуда мешаванд. Одатан, аз рӯи хусусият­ҳои Минерал дар кадом соҳаи техника истифода бурдани онро муайян мекунанд. Минералҳои бисёр сахт (алмос, корунд, беяода ва ғ.) ҳамчун абразинҳо, намудҳои шаффоф ва рангини онҳо бошанд, дар заргарӣ кор фармуда мешаванд. Минералҳое, ки дорои хусусиятҳои пьезоэлектрӣ ва оптикии махсусанд, дар оптика ва радиотехника ба кор мераванд. Усулҳои маъдантозакунӣ ва инкишофи геофизикӣ ба ҳар гуна хусу­сиятҳои физикии Минералҳо асос ёфтаанд. Ҳоло саноат то 15% ҳамаи Минералҳои маъмулро кор мефармояд. Муфассал омӯхтани ҳудуди ҷойгиршавӣ, таркиб ва хусусиятҳои Минерал барои истифодаи амалии хелҳои нав ба нави он имкониятҳои зиёде фароҳам меоваранд. Монокристаллҳои Минералҳо ва хелҳои синтезии онҳоро дар оп­тика, техникаи радиоэлектронӣ ва электроэнергетика истифода мебаранд. Баъзе Минералҳо, монандн опал, зумуррад, фирӯза, лаъл, александрит ва ғ.— сангҳои қиматбаҳо, қисми дигарашон, мас., родонит, яшм, нефрит, малахит, ҷазъ ва ғ.— сангҳои резакорӣ ба шумор мераванд. Солҳои охир Минералҳои Моҳ, ҷирмҳои кайҳонӣ ва қаъри Заминро ҳаматарафа омӯхта истодаанд. Дар лабораторияҳо ва корхонаҳои махсуси саноатӣ ба таври сунъӣ (синтезӣ) ҳосил кардани Минералҳо ривоҷ ёфтааст. Минералҳои сунъӣ дар хоҷагии халқ, торафт бештар истифода бурда меша­ванд.

Солҳои охир дар терр. Тоҷикистон низ як қатор минералҳои нав: датолити итрийоериллий, цезинкуплетскит, тиёншонит, тоҷикит, дарапиёзит, сугдианит ва баротовит кашф карда шуданд.

Тасвир дар саҳ- 32—33.

Ад.: Вернадский В. И., История минералов земной коры, избр. соч., т. 4, кн. 1—2, М., 1059—60; Бетехтин Г., Курс минералогии, 3 изд.. М., 1961; Лазарев ко Б. К., Курс ми­нералогии, М., 1971; Барабанов Ф, Генетическая минералогия, Л., 1977.

  А. X Ҳасанов.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …