Маълумоти охирин

МИЛОД

МИЛОД (ар. — рӯзи таваллуд, замони зоида шудан), замони нав, солшумории нав, тақвимест, ки аксарияти мамлакатҳои ҷаҳон қабул кардаанд аз «таваллуди Исони афсонавӣ» cap мешавад. Дар ибтидои паҳншавии масеҳият ҳисобҳои гуногуни сол (тақвими Диоклетиан, тақвими «буньёди олам» ва ғ.) мавҷуд буданд, ки онҳо камбудиҳои ҷиддӣ доштанд. Дар асри 6 ба солшумории ягона эҳтиёҷ пайдо шуд. Чунин солшумориро соли 248 аз рӯи тақвими Диоклетиан роҳиби Рим Дионисий пешниҳод намуд. Солшумории аз тарафи Дионисий пешниҳодгашта тез паҳн нашуд ва онро танҳо аз асри 10 дар мактубҳои папаҳои Рим истифода бурдаанд; дар тамоми ҳуҷҷатҳои папаҳо аз асри 15 истифодаи ин тақвим расм шуд. Синфҳои ҳукмрон ва рӯҳониён бо мақсади мустаҳкам кар­дани эътиқоди халқ ба Исо Милодро пурра эътироф намуданд. Милод дар Россия бо фармони Пётри 1 аз 1 январи 1700 ҷорӣ гардид (то асри 15 аввали сол — 1 март ва то асри 18—1 сентябр ҳисоб меёфт). Милод дар Осиёи Миёна аз нимаи дуюми асри 19 ҷорӣ гашт; то он вақт солшумориҳои суғдӣ, хоразмӣ, суриёнӣ, мучал, ҳиҷрии шамсӣ, ҳиҷрии қамарӣ ва ғ. вуҷуд доштанд. Ниг. низ Солшуморӣ.

Ад.: Селешиинов С. И., История календаря и хронология, М., 1970.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …