Маълумоти охирин
Главная / Илм / МИЛЛИКЕН

МИЛЛИКЕН

millikenМИЛЛИКЕН (Millikan) Роберт Друс (22.3.1868, Моррисон—19.12. 1953, Сан-Марино), физики америкоӣ. Соли 1891 коллеҷи Оберлин (Огайо)-ро хатм кард. Унвони доктортро дар Университети Колумбия гирифт (1895). Солҳои 1895—96 дар университетҳои Берлин ва Гёттинген ва аз соли 1896 Дар Университети Чикаго кор кард. Солҳои Ҷанги якуми ҷаҳонӣ (1914—18) ҷонишини раиси Шӯрои тадқиқотии маллӣ буд (ба ихтирои дастгоҳҳои нетеорологӣ ва асбобҳо барои ошкор кардани киштиҳои зериобӣ машғул шуд). Солҳои 1921—45 директори лабораторияи Нормаи Бриҷи Институти технологии Калифорния. Бо услуби прецизионие, ки худ ихтироъ намудааст, заряди электронро чен кард. Муодилаи фотоэффекти А. Эйнштейиро дар таҷриба санҷид ва аввалин шуда қимати ададии собитаи Планкро муайян намуд (1912—15). Методикаи спектроскопияи атомиро дар қисмати ултрабунафши спектр нешниҳод кард; тавассути камераи циониазционӣ шуоъҳои кайҳониро тадқиқ намуд. Лауреат Мукофоти нобелӣ (1923).

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …