МИЛЛЕР Всеволод Фёдорович (19. 4. 1848, Москва—18. И. 1913, Петербург, дар Москва дафн шудааст), филологи рус, фольклоршинос, заботливое, этнограф ва археолог, акад. АФ Петербург (аз соли 1911). Университетти Москваро хатм кардааст (1870), проф. (аз 1884). Раиси шӯъбаи этнографияи Ҷамъияти дӯстдорони табиатшиносӣ, антропология ва этнография (1881), яке аз асосгузорони ж. «Этнографическое обозрение» (1889—1916), директори Институти забонҳои шарқии Лазарев (1897— 1911). Дар Университети Москва забонҳои санскрит, форсии қадим, маҳалли забоншиносии муқоисавӣ, таърихи забон ва адабиёти қадими русро дарс медод. Чун забоншинос диққати ӯро бештар омӯзиши муқоисавии забонҳои ҳиндуевропоӣ, хусусан забони осетинӣ ба худ ҷалб кардааст. Дар асарҳои Миллер тақдири таърихии забони осетинӣ, мавқеи он дар байни забонҳои дигари эронӣ, шеваҳои ин забон тадқиқ шудаанд. Миллер дар фольклоршиносӣ сарвари мактаби таърихӣ буд. Миллер дар нахустин асарҳои фольклоршиносии худ ақидаи дар Шарқ пайдо шудани достонҳои қаҳрамонӣ ва таъсири ривояту достонҳои эрониро ба эпоси русӣ эътироф кардааст. Ақидаҳои Миллер, хусусан инкори қимати бадеии достонҳои қаҳрамонӣ, ба табақаи ашрофон нисбат додани онҳо ва ғ. мавриди танқиди донишмандони ин соҳа қарор гирифтаанд.
«ОС; Осетинские этюды, ҷ. 1—3, М., 188!—87; Экскурсы в область русского вводного эпъса, М., 1892; Очерки русвародной словесности, т. 1—3, М., 1897—1924.
Ад.: Абаев В. И., Осетинский язык в фольклор, т. 1, М.—Л., 1949.
Х.Қурбонов.